Кормандони милиса дар Узбакистон

Мардеро барои пӯшидани либоси занона лату кӯб карданд (НАВОР)

448
(Таҷдидшуда 15:19 28.10.2017)
Ҷавоне, ки либоси занона дар тан дошт диққати ҳамагонро ҷалб мекард. Билохира марде ба вай дарафтод ва бо почаҳояш задан гирифт

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар яке аз кӯчаҳои Тошканд мардеро барои пӯшидани пӯшоки занона лату кӯб карданд, хабар медиҳад гурӯҳи Uzbek MDK дар Фейсбук.

Дар наворе, ки дар шабакаи Uzbek MDK дар Telegram мунташир шудааст, дида мешавад, ки ин моҷаро дар яке аз кӯчаҳои пойтахт рух додааст.

Яке аз сокинони маҳаллӣ ба ҷавон дармеафтад ва вайро бо пойҳояш задан мегирад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати ин навор бетараф намонда, вокуниш нишон додаанд.

"Вақтҳои охир наворҳои зиёде мунташир мешавад,  ки дар он одамон бо  ин ё он далели ночиз ба ҳамдигар дармеафтанд. Ин бемаданиятии сокинонро нишон медиҳад",- мегӯяд вай.

"Ин кори дуруст нест. Лату кӯби як нафар танҳо барои он ки вай аз ҳамагон тафовут дорад, кори хатост",- мегӯяд як корбари дигар.

Ёдовар мешавем, чунин як навори дигар дар яке аз бозорҳои Узбакистон пештар ҳам мунташир шуда буд. Занон дар он навор занеро бо гумони дуздӣ ҷазо медододанд.

 

448
Барчаспҳо:
лату кӯб, мард, Узбакистон
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон

Ӯзбекистон дигарбора дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон баст

122
Ӯзбекистон дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус то авоили моҳи август дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузорон мебандад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз баста шудани тамоми масоҷиди ин кишвар то авоили август хабар дод, хабар медиҳад "Парс тудей".

Бар хабари манбаъ, идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

122
Барчаспҳо:
намоз, баста, масҷид, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Здание посольства Кыргызстана в Москве, архивное фото

Сафорати Қирғизистон дар Русия кумак хост: қирғизҳо ба бино ва кормандон он ҳамла мекунанд

724
(Таҷдидшуда 13:58 11.07.2020)
Шаҳрвандони Қирғизистон ба сафорати кишварашон дар Русия ҳамла намуда чандин кормандонро латукӯб намуданд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Сафорати Қирғизистон дар Русия тадобири амниятиро тақвият дода, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб мекунад, ки бо шаҳрвандони Қирғизистон, ки намояндагони дипломатиро латукӯб ва таҳдид мекарданд, мубориза баранд.

Гуфта мешавад, феълан Сарраёсати умури дохилии Русия дар Маскав муайян мекунад, ки кӣ дар WhatsApp ба хароб намудани бинои сафорати Қирғизистон дар ин кишвар даъват карда, кормандони онро мавриди ҳамла қарор доданд.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Зимнан, ду изҳороти кормандони сафорат дар бораи далели расонидани зарари ҷисмонӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар робита ба ин ҳолат, нисбати ду шаҳрванди Қирғизистон чораҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.

Ҳамин тариқ, сафорат ба Вазорати умури хориҷӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия муроҷиат карда, дархости кумак намуд.

Сафорат дархост намудааст, ки барои ҳифзи бино аз воридшавӣ ва ё вайроншавӣ ва ҳамчунин аз пешгирӣ аз сӯиқасд ба кормандони сафорат  чораҳои дахлдор андешида шаванд.

724
Барчаспҳо:
кумак, Русия, сафорат, Қирғизистон
Пожилой мужчина в кепке

Шифо ёфтани пирамарди 109 сола дар Эрон аз коронавирус

0
Пирамарди 109 - сола, ки давоми як ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт, ахиран шифо ёфт ва аз бемористон мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Эрон пирамарди 109 солаи мубтало ба коронавирус тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад, хабар медиҳад ИРНА.

Ба иттилои манбаъ, бемори 109 - сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

Қайд мегардад, ки то рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони коронавирус дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта  аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, пирамард, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон