Шамоли сахт ва борон. Акс аз бойгонӣ

Ҳушдори МЧС аз тундбод, туман ва бориши шадид: аз 29 то 31

884
Дар ин рӯзҳо эҳтимоли вазидани тундбод, ба амал омадани раъду барқ, боронгарӣ, яхкунӣ ва дар натиҷа решакан шудани дарахтон аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. МЧС Русия аз шаҳрвадон даъват мекунад, то дар ин рӯзҳо ҳушёриро аз даст надода дар кӯчаҳо боэҳтиёт бошанд.

 Аз 29 то 31октябр дар шаҳри Маскав Русия боронгариҳои шадид ва вазиши шамоли сахт то 12-17 метр дар як сония пешбинӣ шудааст. Дар ин бора дар равобити умумии МЧС хабар дода мешвад.

"Раёсати МЧС дар шаҳри Маскав хабар медиҳад, ки бар асоси пешбинии созмони обуҳавошиносӣ аз 29 то 31 октябри соли 2017 бориши борони шадид ва вазиши бод то 12-17 метр дар як сония дар назар аст", — омадааст дар хабарнома.

Қафд мешавад, ки дар ин рӯзҳо эҳтимоли вазидани тундбод, ба амал омадани раъду барқ, боронгарӣ, яхкунӣ ва дар натиҷа решакан шудани дарахтон аз эҳтимол дур нест. Дар ин росто МЧС Русия аз шаҳрвадон даъват мекунад, то дар ин рӯзҳо ҳушёриро аз даст надода дар кӯчаҳо боэҳтиёт бошанд.

884
Барчаспҳо:
тундбод, ҳушдор, МЧС, Маскав

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

251
(Таҷдидшуда 13:36 28.09.2020)
Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд, ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯкунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон(мамнуъ дар қаламрави Русия)  гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлуб даст ёбанд.

251
Барчаспҳо:
барнома, ихтилоф, мутаваққиф, сулҳ, музокирот, Афғонистон
Пассажирский самолет

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

651
(Таҷдидшуда 13:34 28.09.2020)
Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон ҳушдор додааст, ки дар сурати бетаваҷҷӯҳии меҳмондорони ҳавопаймоҳо ба мавозини исломӣ дар пӯшиш ва ороиш, ба онҳо ҳамла хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) бо интишори эъломияе ба ширкати ҳавоии “Kam Air” ҳушдор додааст, ки агар то як ҳафта меҳмондорони зан ҳиҷоби исломиро риоят накунанд ва даст аз ороиш бар надоранд, ҳавопаймоҳои ин ширкатро ҳадафи ҳамалот қарор хоҳанд дод ва масъуляти баъдӣ ба дӯши мудирияти “Kam Air” хоҳад буд на Толибон, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Бино бар иттилои манбаъ, Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ҳамчунин гуфтаанд, ки меҳмондорони зан ҳақ надоранд бидун маҳрами шаръӣ вориди ҳавопаймо шаванд.

Дар эъломияи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) омадааст, ки тамоми ширкатҳои ҳавоӣ мукаллаф ба пайравии ин аҳком ҳастанд.

Гурӯҳи Толибон дар ҳоле ин эъломияро содир кардаанд, ки музокироти сулҳ дар Давҳаи Қатар мутаваққиф шудааст ва тарафайн то кунун ба тавофуқе даст наёфтаанд.

651
Барчаспҳо:
ширкат, исломӣ, ҳушдор, ҳавопаймо, Толибон, Афғонистон
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

0
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

0
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд