Муҷассамаи Ислом Каримов дар Самарқанд

Намеарзад: маскавиҳо ба Путин арз карданд, ки мухолифи гузоштани муҷассамаи Каримов ҳастанд

114
(Таҷдидшуда 14:42 31.10.2017)
Наздики 1,5 ҳазор нафар зидди гузоштани муҷассама ба Ислом Каримов дар Маскав шуданд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дастур додааст, ки дар Маскав ба нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ҳайкал гузошта шавад.
Тибқи фармони раиси шаҳр муҷассамаи Ислом Каримов бояд  дар ноҳияи Якиманкаи Маскав то соли 2019 бунёд шавад.

Узви Ҳизби либераливу демократии Русия, сиёсатшинос, ҷонибдори низоми раводид байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия, Георгий Городетский дар интернет арзномае мунташир карда, аз дастури Сергей Собянин дар мавриди муҷассамаи Ислом Каримов изҳори норозигӣ баён кардааст. Ба фикри вай, Каримов ба гузоштани муҷассама дар пойтахти Русия намеарзад, зеро "на барои Маскав ва на барои маскавиҳо амале анҷом додааст". Городетский арзашро ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин ирсол кардааст.

Ба фикри сиёсатшинос, ин фармони Собянин сӯистифода аз мансаб унвон карда мешавад, ки асос барои баланд бардоштани савияи эътимод мебошад. Ҳоло ин арзномаро наздикӣ 1 500 кас имзо кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки соле пеш гулгаштеро дар ноҳияи Якиманкаи Маскав номи Ислом Каримовро доданд. Гулгашт дар наздикии Қунсулӣ ва Меҳмонхонаи Узбакистон дар Маскав ҷойгир шудааст.

Думаи шаҳрии Маскав қарори гузоштани муҷассамаи Ислом Каримовро дар Маскав моҳи декабри  соли 2016 қабул карда буд.

114
Барчаспҳо:
муҷассама, Ислом Каримов, Владимир Путин, Узбакистон, Русия
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Наздики 100 ҳазор кас дар Қазоқистон мубталои COVID - 19 шуданд

32
(Таҷдидшуда 19:36 09.08.2020)
Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Теъдоди беморони коронавируси навъи COVID - 19 дар Қазоқистон наздики 100 ҳазор нафар шуд, хабар медиҳад Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон.

Бино ба гузориши расмии ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст.

"Дар кишвар 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст - аз ин ҳисоб 444 ҳолат бо нишонаҳо ва 428 кас бе нишона қайд шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр то нисфирӯзии 9 август, шумораи умумии маризони коронавирус то 98,7 ҳазор кас расид.

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

Тибқи иттилои манбаъ, пизишкон дар давоми ҳамагирии коронавирус тавонистанд беш аз 72 ҳазор касро табобат кунанд. 

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

Дар баробари ин аз аввали моҳи август дар кишвар 12 110 ҳолат сабт шудааст, ки нишонаҳояш ба бемории коронавирус монанд аст.

32
Барчаспҳо:
беморон, вируси нав, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

125
(Таҷдидшуда 15:45 09.08.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори дақиқи гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон беш аз 30 ҳазор кас гирифтори маризии COVID - 19 шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон.

Бино ба гузориши ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 738 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шудааст.

"То 9 август дар ҳудуди Ӯзбекистон 30 197 кас мубталои коронавируси COVID - 19 шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон афзуда, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 5 кас қурбони ин вабои аср шудааст. Шумораи умумии фавтидагон аз коронавирус ба 190 нафар расид.

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 25 ҳазор гузашт

Дар баробари ин дар Ӯзбекистон беш аз 21,3 ҳазор кас аз маризии коронавирус шифо ёфтанд.

 

Ёдрас мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавируси COVID - 19 дар бадани як мусофир, ки аз Фаронса омада буд, дарёфт гардид.

Пас аз гирифторӣ ба коронавирус кадом витаминҳоро бояд истеъмол кард?: посухи табиб

Дар Ӯзбекистон то 15 август карантин ҷорӣ гардидааст.

125
Барчаспҳо:
маризон, беморон, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Люди в масках в городе

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

23
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар давоми 24 соати гузашта, 89 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бино ба гузориши Вазорати беҳдошт, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7785 нафар баробар гардид.

"То санаи 9 август дар мамлакат 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Ин ниҳод даъват карда, ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

23
Барчаспҳо:
вируси нав, омор, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон