Дар Озарбойҷон рӯзи раисҷумҳури Тоҷикистонро таҷлил мекунанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон поздравил соотечественников с праздником Ид аль-Фитр
Эмомали Рахмон поздравил соотечественников с праздником Ид аль-Фитр - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон мубтакири ин тадобир гаштааст

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар Озарбойҷон рӯзи раисҷумҳури Тоҷикистонро таҷлил мекунанд.

 Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов дабири матбуотии маҷлиси пойнии Тоҷикистон, муовини раиси маҷлиси намояндагони кишвар Акрамшо Фелалиев ба Боку рафтааст.Имрӯз ба муносибати Рӯзи раисҷумҳури Тоҷикистон дар Озарбойҷон нишасти таҷлилӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар тадбир 25-мин солгарди ҷаласаи шурои олии Тоҷикистонро таҷлил хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, дар ин маросим раёсати парлумони Озарбойҷон, раиси кумитаи умури байналмилалии парлумон, раиси гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон суханронӣ хоҳанд кард.Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон мубтакири ин тадобир мебошад.

Ёдовар мешавем, пештар Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки пешвояш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, тасмим гирифта имсол Рӯзи раисҷумҳурро дар саросари кишвар бо барномаҳои камҳазина баргузор кунад. Ин ҷашн порсол муқаррар шуда ва ҳарсола 16 ноябр баргузор мешавад. 

Лентаи хабарҳо
0