Вазири умури хориҷаи Эрон, акс аз бойгонӣ

Зариф: Эрон дар барқарории равобити дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом аст

54
(Таҷдидшуда 19:09 11.11.2017)
Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон ҳамвора дар барқарории равобити дӯстона, бародарона ва мутавозини мубтанӣ бар усули эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом будааст

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Муҳаммадҷаводи Зариф дар Конфронси байналмилалии "Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Самарқанди Узбакистон афзуд, роҳбурди Эрон бар тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо, талош ҷиҳати сулҳу суботу оромиш дар минтақа ва ҳамгароию ҳамкорӣ дар қолаби ниҳодҳои минтақаию созмонҳои байналмилалӣ устувор аст. Дар ин бора хабаргузории Парстудэй гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ӯ амният ва суботи ҳамсоягонро амнияту суботи Эрон дониста тасреҳ кард, кумак ба ҳалли ихтилофоту танишҳо, ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ барои муқобила бо таҳдидҳои муштараки терроризми такфирӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз муҳимтарин мушорикатҳои муассири Эрон дар тақвияту таҳкими суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ будааст.

Зариф муқобилаи муассир бо ифротгароӣ ва терроризми такфирӣ дар минтақа ва ҷаҳонро ниёзманди ҳамфикрӣ ва ҳамкории фарогири кишварҳои минтақа баршумурда гуфт, баррасии решаҳои шаклгирии ҷараёнҳои зиддиисломӣ  пешшарти муборизаи муассир ва қотеъ бо решаҳои терроризму ифротгароӣ аст.

Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки наметавон бо сарфи садҳо миллиард доллар амниятро харид ва ворид кард, афзуд, амният дар ҷаҳони имрӯз маҳдуд ба абъоди низомӣ нест ва тиҷорисозии амният муомилаи тозаест, ки бархе қудратҳои ҷаҳонӣ ва фароминтақаӣ вориди адабиёти сиёсӣ кардаанд.

Конфронси байналмилалии "Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ" рӯзи 10-уми ноябр бо ҳузури масъулону шахсиятҳои кишварҳои минтақа дар Самарқанди Узбакистон оғоз шуд.

54
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, муносибат, амният, Муҳаммадҷавод Зариф, Осиёи Марказӣ
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Мақомдорони Ӯзбекистон аз соли 2021 аз забони ӯзбекӣ имтиҳон месупоранд

75
(Таҷдидшуда 15:44 22.10.2020)
Ҳукумати Ӯзбекистон барои рушд ва таҳкими забони ӯзбекӣ дар ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ барномаҳои ҷадид роҳандозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Аз моҳи апрели соли оянда мақомдорони Ӯзбекистон, ки вазифаи раҳбариро бар дӯш доранд вазифадор мешаванд, дар бораи сатҳи забондонии худ шаҳодатнома гиранд.

Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати адлияи кишвар хабар медиҳад.

"Оғоз аз 1 апрели соли 2021 сатҳи ҳайати роҳбарикунанда барои коргузории расмӣ бо забони давлатӣ муайян карда мешавад ва барои муйян кардани сатҳи забондонии раҳбарон шаҳодатномаҳо ҷорӣ мешаванд ", - омадааст дар хабарнома.

Ин тадбир дар доираи консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар солҳои 2020-2030 пешбинӣ шудааст.

Раҳмон дар паёмаш гуфт, забонҳои хориҷиро омӯзед, аммо ба забони модарӣ арҷ гузоред

Ҳуҷҷати мазкур бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тасдиқ шудааст.

Дар Ӯзбекситон Рӯзи забони ӯзбекӣ таҷлил шуд. Шавкат Мирзиёев мардуми ҷумҳуриро бо санаи таърихӣ табрик гуфт ва ёдовар шуд, ки имрӯз бо забони ӯзбекӣ тақрибан 50 миллион нафар сухан мегӯянд ва ин ифодагари ба яке аз забонҳои паҳншудаи ҷаҳон табдил ёфтани он мебошад.

Форсӣ забони миллии Афғонистон шуд

Президент таъкид кард, ки имрӯз дар назди аҳолӣ вазифаи масъулиятнок яъне, рушди забони ӯзбекӣ, таҳкими минбаъдаи нақш ва нуфузи он ҳамчун забони давлатӣ истодааст.

75
Барчаспҳо:
сертификат, забон, Ӯзбекистон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

1431
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

1431
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков
Выборы президента в Таджикистане

Як қадам пеш: намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон чораҳои мубориза бо COVID-19-ро арзёбӣ кард

0
(Таҷдидшуда 09:34 25.10.2020)
Чӣ гуна чораҳои маҳдудкунанда дар мубориза бо пандемияи коронавирус кӯмак мекунанд, шарҳ дод, роҳбари дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Таҷриба ва дониш дар бораи COVID-19 ба андешидани чораҳои оптималӣ дар мубориза бо коронавирус мусоидат мекунад, гуфт намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

“Тадбирҳое, ки аллакай амалӣ мешаванд ё ҳоло пешниҳод карда мешаванд, аксуламал ба вазъи кунунӣ мебошанд ва барои пешгирии бадшавии эҳтимолӣ пешбинӣ шудаанд. Ин чораҳо барои наҷоти ҷони инсон аз COVID-19 ва дар баробари ин пешгирии хатари марбут ба бемориҳои дигар ва таназзули иқтисодӣ заруранд ", - гуфт намояндаи ТУТ.

Карриева қайд кард, ки маҳдудиятҳо дар кишварҳои аврупоӣ шадидтар мешаванд ва ин ба афзоиши бемории коронавирус марбут аст.

“Тадбирҳои солимии ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун як гӯшаи маҳдудият боқӣ мемонанд: онҳо бояд мунтазам амалӣ карда шаванд, бо диққати махсус ба густариши пайгирии тамос.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд барои чораҳои пешгирӣ ба пуррагӣ ширкат варзанд - муносибати тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа калидӣ аст. Мо бояд як қадам пеш бошем ",-илова кард Карриева.

Намояндаи ТУТ хулоса кард, ки кишварҳо ҳанӯз ҳам бояд барои шикастани занҷирҳои интиқол ва наҷоти ҳарчи бештари одамон чораҳо андешанд: дарёфти гирифторон, таҳқиқоти кластерӣ, ҷудокунӣ ва нигоҳубини ҳама сироятшудагон, қатъи тамос, дастгирӣ ва муҳофизати кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи осебпазиртарин қишр.

Карриева: СУТ аз афзоиши бемории COVID-19 Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

Карриева изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик чораҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус бо воситаҳои нави пешгирӣ ва табобат, аз ҷумла ваксинаҳо пурра карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
чораҳои ҷавобӣ, пешгирӣ аз бемориҳо, вируси корона, ТУТ, Тоҷикистон