Муҷрии машҳури барномаҳои телевизионӣ Борис Ноткин худкушӣ кард

© Фото : © Sputnik/ Валерий ЛевитинБорис Ноткин
Борис Ноткин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҷрии барномаи муаллифӣ дар телевизиони "ТВ Центр"-Борис Ноткин дар синни 75 солагиаш аз олам дар гузашт

ДУШАНБЕ, 12 ноя- Sputnik. Ҷасади Борис Ноткин, рӯзи 11 ноябр дар ноҳияи Одинсово дарёфт шуд.

Тибқи маълумоти пешкаӣ Борис Ноткин худкушӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир ӯ аз бемории саратон ранҷ мебурдааст.

Писатель-сатирик Михаил Задорнов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти ҳаҷвнигори машҳур Михаил Задорнов

Ба гузориши РИА Новости дар назди ҷасади ҳунарманд, таппонча дарёфт шудааст. Сабабҳои худкушии муҷрӣ аз ҷониби Кумитаи тафтишот муайян карда мешаванд.

Кормандони шабакаи "ТВ Центр", ки Ноткин он ҷо чоряки аср фаъолият кардааст, мегӯянд, барномаҳои Борис Ноткин аз машҳуртатин ва писандидатарин барномаҳои шабака будаанд.

"Мусоҳиби беҳамто, ӯ бо ҳамаи меҳмонон ба осонӣ суҳбат мекард. Ҳамкоронаш ӯро беҳад дӯст медоранд. Дар чунин лаҳзаҳои фоҷиабор мо ҳамроҳи хонаводаи Борис Исаевич аз дар гузашти ӯ изҳори таслият мекунем", —омадааст дар матн.

Борис Ноткин 13 августи соли 1942 ба дунё омадааст. Ӯ Донишкадаи забонҳои хориҷиро хатм кардаву ба ҳайси тарҷумон кор мекард. Пасон дар телевизион фаъолият кардаву аслан дар бахши мусоҳибаи телевизионӣ фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0