Консультации консульских служб МИД Таджикистана и ОАЭ

Аморотиҳо раводиди Тоҷикистонро осон дарёфт хоҳанд кард

55
(Таҷдидшуда 15:51 20.11.2017)
Дарёфти раводиди Тоҷикистон барои шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ осон шуд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Аҳмад Илҳом ал-Даҳрӣ, мушовири муовини вазири умури хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар умури консулгарӣ, аз осон шудани дарёфти раводиди Тоҷикистон барои шаҳрвандони ин кишвар хабар дод.

Вай дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта, ки Вазорати умури хориҷа ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА аз ҳамтоёни тоҷикаш ёддошти тафоҳум миёни ҳукуматҳои ду кишварро дарёфт кардааст.

"Бар асоси ин нома шаҳрвандони Аморот аз ин пас метавонанд раводиди Тоҷикистонро мустақиман дар марз дарёфт кунанд. Ин шароит шомил гузарномаҳои дипломатик ва одӣ мешавад", — тавзеҳ додааст ал-Даҳрӣ.

Ин мақоми аморотӣ ин гоми Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро баёнгари алоқамандии Душанбе барои устуворсозӣ ва жарфиши равобит бо Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дониставу гуфта, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда дар заминаҳои гардишгарӣ, иқтисодб ва тиҷорат беш аз пеш хоҳад шуд.

Чанд рӯз пеш аз ин Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аз Тоҷикистон хоста буд, ки ҳарчӣ зудтар Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар заминаи доду ситади нерӯи кориро тасвиб кунад.

55
Барчаспҳо:
Аморот, раводид, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Тоҷикистон-Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Мавзуъ
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар масоили консулӣ ройзанӣ карданд
Раҳмон бо вазири хориҷии Аморот масоили ифтитоҳи бонкҳо ва муҳоҷиратро баррасӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафт