Министр иностранных дел Афганистана Салахуддин Раббани

Салоҳиддин Раббонӣ барканории Атомуҳаммад Нурро маҳкум кард

150
(Таҷдидшуда 13:49 28.03.2018)
Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ба раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ истеъфои волии Балх Атомуҳаммад Нурро "иқдоме шитобкорона, ғайримасъулона ва хилофи суботу амнияти Афғонистон" донист ва маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раиси Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, ки Атомуҳаммад Нур яке аз раҳбарони он аст, истеъфои ӯ аз симати волии Балхро маҳкум кард. 

"Ҷамъияти исломии Афғонистон нашри хабари тасмими раёсати ҷумҳурии исломии Афғонистонро дар мавриди устд Атомуҳаммад Нур, волии Балх ва раиси иҷроии Ҷамъияти исломӣ, як иқдоми аҷулона, ғайримасъулона, мухолифи суботу амнияти Афғонистон ва носозгор бо усули мувофиқатномаи Ҳукумати ваҳдати миллӣ медонад ва шадидан маҳкум мекунад", — гуфта мешавад дар эъломияи Раббонӣ.

Ба гузориши Sputnik Афғонистон, дар ин эъломия ҳамчунин омадааст: "Ҷамъияти исломии Афғонистон пас аз бозгашти раиси Ҷамъият аз сафари расмӣ ва ҳузури бархе аз аъзои Шурои раҳбарии Ҷамъияти исломӣ, ки дар Кобул нестанд, ба зудӣ мавзеъашро ба сурати мушаххас дар ин маврид эълом медорад".

Пас аз интишори хабари раёсатҷумҳурии Афғонистон дар мавриди Атомуҳаммад Нур, Салоҳиддин раббонӣ сафари расмияш ба Юнонро ниматамом гузошта ва мулоқотҳояш бо раисҷумҳур, нахуствазир ва вазири умури хориҷии Юнонро лағв карда ва Кобул равон шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки волии Балх Атомуҳаммад Нур чанде пеш истефоъяшро ба раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ пешниҳод карда буд ва ӯ имрӯз субҳ онро пазируфтааст. Муҳаммад Довуд ба ҷои Атомуҳаммад Нур ба симати волии Балх мансуб шудааст.

150
Барчаспҳо:
тоҷикони Афғонистон, Салоҳидин Раббонӣ, Атомуҳаммад Нур, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷои Атомуҳаммад Нурро Муҳаммад Довуд гирифт
Толибон ба ҷони Атомуҳаммад Нур суъиқасд кард
Шпигел: Ато Муҳаммади Нур дар рӯйхати сиёҳи НАТО
Учения спецслужб аэропорта по подготовке возможному прибытию инфицированных коронавирусом, в аэропорту Алматы, архивное фото

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон: аз 52 ҳазор гузашт

74
(Таҷдидшуда 15:37 18.10.2020)
Дар ин ҳафта дар Қирғизистон шумораи беморони коронавируси навъи COVID - 19 афзоиш кард. Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар кишвар 52 044 нафар гирифтори коронаврус шудааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 554 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи  COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт

Шумораи бештарини сироятшудагон дар вилояти Ҷалолобод ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо дар муддати 24 соати гузашта — 143 кас мубталои коронавирус шудааст. Омори дигар манотиқ чунин аст: вилояти Ӯш — 105, Ботканд - 90, Бишкек — 88, Ӯш — 38, вилояти Чуй - 46, вилояти Иссиқкӯл — 26, вилояти Норин — 6 ва вилояти Таласс — 12.

Давоми як моҳи гузашта теъдоди гирифторон дар Қирғизистон кам шуда буд, вале ин моҳ боз дубора авҷ гирифт. Сабаби дигари афзоиш ёфтани маризон ин гирдиҳамоиҳо ва тазоҳурот буд, ки дар паи норозигии мардум аз натоиҷи интихоботи парлумонӣ, сар зада буд.

Вазорат марги як тоҷикистонии дигар аз коронавирусро тасдиқ кард: 40 маризи нав

Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Қирғизистон 52 044 нафар гирифтори коронаврус шудааст. 

Аз саршавии беморӣ то кунун 45 736 нафар ин бемориро ба хубӣ паси сар карданд.

Аз аввали ҳамагирӣ бошад дар Қирғизистон 1 111 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

74
Барчаспҳо:
вируси нав, омор, Қирғизистон
Профилактические меры против распространения коронавируса, архивное фото

Афзоиши теъдоди маризони коронавирус дар Ӯзбекистон: аз 63 ҳазор гузашт

156
(Таҷдидшуда 14:18 18.10.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси навъи COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар Ӯзбекистон теъдоди гирифторони бемории коронавирус ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми 24 соати гузашта 315 шаҳрванди кишвар мубталои COVID - 19 шудааст. Дар умум аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун беш аз 63 ҳазор кас гирифтори ин беморӣ шудааст.

"То 18 октябр дар Ӯзбекистон шумораи гирифторони коронавирус  63 124 нафарро ташкил медиҳад", - омадааст дар гузориш.

Вазорат қайд карда, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар се тан аз ин беморӣ ҷон бохтааст. Шумораи умумии фавтидагон аз COVID - 19 - 525 нафарро ташкил медиҳад.

Гап сари "корона": коҳиши 62 дар садии сафари хориҷиҳо ба Тоҷикистон

Тибқи додаҳои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, шумораи нафарони аз коронавирус шифоёфта дар кишвар ба 60 080 баробар шудааст.

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

Дар ҳоли ҳозир 2519 бемори COVID-19, таҳти назорати пизишкон қарор дошта, аҳволи 95 бемор вазнин арзёбӣ мешавад.

156
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Баёнхати тӯйдорон, манъи аксгирӣ ва иҷозаи 4 кас дар ЗАГС : қоидаҳои нави тӯй дар Хуҷанд

14
(Таҷдидшуда 16:40 20.10.2020)
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд зимни баргузории як ҷаласа иттилоъ додаанд, ки 45 % - и гирифторони коронавирус ҳангоми иштирок дар туйю маъракаҳо сироят шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Ба ин далел Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласа аз масъулини сохторҳои ҳукумат тақозо намуд, ки ба хотири коҳиш ёфтани вазъи бемории COVID-19, баргузории маърака ва туйҳои арӯсию домодиро бештар ба назорат гиранд ва муқарраротҳои нав ҷорӣ намоянд.

"Гурӯҳҳои корӣ бинед, агар мардум тартибро риоя накунанд, маҷбур мешавем баргузории туйю маъракаҳоро манъ кунем. Дар вақти иҷозат додан ҳатман аз соҳибони туй баёнхат барои вайрон накардани танзими иштирокчиёни маъракаро гиред. Баъзеҳо бо 200 - 300 сомонӣ ҷарима халос мешавам гуфта, танзим дар замони пандемияро риоя намекунанд. Агар чунин рафтор кунанд, минбаъд ҷаримаро сахтар мекунем", - гуфт Муҳаммадзода.

Дар ҷаласае, ки дирӯз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд давоми нуҳ моҳи соли равон натиҷагирӣ мешуд, масъулин бештар сари мавзӯъи хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 тамаркуз карданд.

Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби масъулини ҳукумат иттилоъ дода шуд, ки 45 % - и гирифторони коронавирус дар Хуҷанд, аз ҳисоби иштирок дар туйю маъракаҳо сироят ёфтаанд ва 28 % - и манбаъи беморон, аҳли хонаводаи онҳо маҳсуб мешаванд.

Масъулони ҳукумати Хуҷанд теъдоди гирифторони бемории "вируси карона" -  ро шарҳ дода, гуфтанд, ки аз оғози сабти пандемияи каронавирус то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, 4 ҳазору 650 мавриди сирояти беморӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин шумор 3114 нафар дар ду беморхонаи Суғд ва таваллудхонаи Хуҷанд табобат гирифта, ҳамзамон 1536 нафар дар зери муоинаи амбулатории духтурон қарор доштанд.

Бино ба иттилоъи Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, ҳоло 128 нафар бо сирояти илтиҳоби шадиди шуш дар беморхонаҳо, 64 нафар бо ҳамин гуна ташхиси беморӣ дар табобати амбулаторӣ ва 35 нафар бо аломати COVID-19 зери назорати амбулаторӣ қарор доранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин дастур додааст, ки минбаъд дар вақти иҷозат додани баргузории маърака, аз соҳибони туй баёнхати риояи танзим гирифта, аксгирӣ ва оростани маросим дар паси толори САҲШ манъ карда шуда, маросими "ЗАГС" танҳо бо ширкати чор нафар иҷозат дода шавад.

Ситоди пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID – 19 баъд аз як моҳу бист рӯзи мутавақиф гузоштани маъракаҳои мардумӣ, рӯзи 20-уми июн бо муқаррароти нав аз қабили риояи бастани ниқоб барои ҳамаи иштирокчиён ва танҳо баргузор намудани як маърака дар як рӯз ва он ҳам боширкати аз 40 то 100 нафар, дар маҳалла ва тарабхона ба баргузории туйҳои арӯсию домодӣ иҷоза дод.

Маъруф Муҳаммадзода ҳамчунин вазифагузорӣ намуд, ки фаъолияти марказҳои дилхушии шабона, бозорҳои шабона ва марказҳои савдое, ки қоидаҳои беҳдошт дар онҳо риоя намешавад, боз дошта шавад.

14
Барчаспҳо:
аксгирӣ, тӯй, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон