Самарқанд, акс аз бойгонӣ

Узбакистон: Тоҷикистон бо Самарқанд ва Бухоро низ парвозҳоро барқарор кунад

133
Тоҷикистон пешниҳоди Узбакистонро баррасӣ мекунад ва ба наздикӣ қарори дахлдореро қабул хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Ширкати ҳавоии "Роҳҳои ҳавоии Узбекистон" пешниҳод кардааст, ки парвозҳои наверо ки Душанбеву Самарқанд ва Бухороро пайваст мекунад, ташкил карда шавад. 

Бино бар иттилои расонаҳои Тоҷикистон, ин пешниҳоди Тошкандро кишвар мавриди баррасӣ қарор дод, ояндаи наздик қарори дахдореро қабул хоҳад кард.

Моҳҳои ноябр хабар дода шуд, ки Ширкати миллии Узбакистон "Роҳҳои ҳавоии Узбакистон" нархи  парвҳоро ба Тоҷикистон боз арзонтар кард.

Аз моҳи ноябр, парвоз ба як тараф Душанбе-Тошканд 676,5 сомонӣ ва  парвоз ба Душанбе-Тошканд-Душанбе 1353 сомонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои Душанбеву Тошканд пас аз 25 сол 11-уми апрели соли 2017 барқарор шуданд. Ширкати "Сомон-Эйр" низ ба ин самт хатсайр созмон додаст.

133
Барчаспҳо:
парвоз, "Роҳҳои ҳавоии Узбакистон", Узбакистон, Тоҷикистон