Ислом Каримов, акс аз бойгонӣ

Асрори як аср: дар бораи хонаводаи Ислом Каримов далелҳои нав пайдо шуд

696
(Таҷдидшуда 17:43 04.01.2018)
Бунёд(фонд)-и Ислом Каримов акси сиёҳу сафедеро мунташир кардааст, ки дар он падару модари Ислом Каримов ва хаҳарону бародаронаш аккосӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бунёди Ислом Каримов дар бораи хонаводаи аввалин раисҷумҳури Узбакистон далелҳоеро интишор кард, ки то ин вақт ба касе маълум набуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Дар саҳифаи расмии бунёди Ислом Каримов дар Фейсбук  акси сиёҳу сафеде мунташир шудааст, ки дар он падару модари Ислом Каримова ва чор фарзанди калонии хонавода- духтару писарони онҳо аккосӣ шудаанд.

Акс соли 1928 — 10 сол пеш аз таваллуд шудани Каримов гирифта шуда будааст.

"Дар акс падари раисҷумҳур Абдулғаниота, Санобароя, фарзандони онҳо Меҳриниссо, Амонулло ва Ибодулло мебошанд",- шарҳ дода мешавад зери он.

Ҳамагӣ дар хонаводаи Ислом Каримов 8 фарзанд будаанд. Як духтар- Меҳриниссо ва 7 писар: Амонулло, Ибодулло, Арслон, Қуддус, Икром, Ислом ва Хуршед.

Падари хонавода хизматчӣ будааст. Вайро марди ҷиддӣ ва баъзан сахтгир ҳам гуфтаанд. Абдулғаниота дар маҳаллаашон яке аз мардони обрӯманд будаст.

Модари Ислом Каримов Санавбароя аз хонаводаи ходимони динӣ буда, зани хонашин будааст.

"Ҳамаи писарони хонавода маълумоти олӣ гирифтанд. Се нафари онҳо мактабро бо медали тилло хатм карда, аз ҷумла Ислом Каримов номзади илм шудаанд",- омадааст дар иттилоия.

Ёдрас мешавем, пештар расонаҳои Узбакистон хабар доданд, ки дар бораи фарзанди севуми Ислом Каримов маълумот ёфтаанд.

Хабаргузории kun.uz  дар такя ба бахши узбакии "Википедия" гузориш дод, ки  Ислом Каримов бори аввал 1-уми марти соли 1960 ба  Наталья Петровна Кучма ном зане оиладор шудааст.

Бино бар гузориши манбаъ, онҳо  соҳиби як писар шуда,  аз ҳам ҷудо мешаванд. Аммо дар тарҷумаи ҳоли расмии Ислом Каримов дар бораи хонаводаи якуми вай ва фарзандаш маълумоте наомадааст.

Гуфта мешавад Ислом Каримов бори дуввум Татяна Акбаровнаро ба занӣ мегирад. Аз ин никоҳ Ислом Каримов ду духтар дорад: Гулнора Каримова(соли таваллудаш 1972) ва Лола Каримова (1978).

Ҳамсари аввали Каримов- Наталя Кучма соли 2008 дар Тошканд вафот кардааст. Писари онҳо- Петр Каримов айни ҳол дар вилояти назди Маскав истиқомат мекардааст.

696
Барчаспҳо:
хонавода, Ислом Каримов, Узбакистон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Мақомоти Ӯзбекистон боз қарантина эълон кард: маҳдудиятҳо шадидтар шуданд

903
(Таҷдидшуда 02:30 10.07.2020)
Аз 10-уми июл тамоми қаламрави Ӯзбекистон ба минтақаи “сурх” шомил ва ҳаракати нақлиёт дубора ба таври оммавӣ мамнӯъ эълон шуд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Шоҳрух Ғиёсов,  сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки дар рӯзҳои қарантин фақат фаъолияти мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо мутаваққиф сохта намешавад. Ҳамаи нуқтаҳои хӯрокворӣ, ки қаблан иҷозаи фаъолият дода шуда буд, танҳо мувофиқи фармоиш кор мекунанд ва хӯроквориро барои супоришдиҳандагон ба манзилашон мерасонанд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

“Агар то ҷорӣ шудани қоидаи нави қарантин миёни шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд равуо бидуни монеа сурат мегирифт ва одамон метавонистанд худро ба ҷои корашон расонанд, акнун дар равуои озоди онҳо низ маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд”, – гуфтааст  Шоҳрух Ғиёсов.

Вай афзудааст, ки мошинҳои дорои иҷозанома метавонанд, дар шаҳри Тошканд ва соири ноҳияҳои он бидуни монеа ҳаракат кунанд.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи махсуси ҳукуматии мубориза бо пахши коронавирус эълом дошт, ки дубора як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, мувофиқи қонунгузориҳо ниҳодҳо ва ташкилотҳои давлатӣ кормандони худро ба рухсатӣ мефиристанд ва қисмати боқимонда фаъолияти худро бар тариқи фосилавӣ идома медиҳанд.

Дар корхонаву муассисаҳо аз баргузор намудани ҷамъомадҳо ҷилавгирӣ мешавад ва чорабиниҳо аз тариқи видеоӣ баргузор мегарданд.

Ҳпмзамон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи видеоӣ изҳор кард, ки кишвараш як давраи хеле мураккабу вазнинро паси сар мекунад. Вай аз роҳбарони тамоми идораҳо ва мардум даъват кард, ки ин санҷишро бо сарбаландӣ сипарӣ намоянд.

Бояд қайд кард, ки то санаи 9 июл дар Ӯзбекистон 42 нафар бар асари сирояти коронавирус вафот карданд.

903
Барчаспҳо:
мақомот, маҳдудият, мамнуъ, нақлиёт, ҳаракат, Ӯзбекистон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Дархости Мирзиёев: ба худдавоӣ аз коронавирус машғул нашавед, ки оқибати хуб надорад

561
(Таҷдидшуда 15:37 09.07.2020)
Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват намуд, ки ба ҳаёти худ ва наздиконашон беаҳамият набошанд. Ӯ мегӯяд дар сурати пайдо шудани нахустин нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табибон муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як муроҷиати видео ба шаҳрвандони ин кишвар аз хусуси мубориза бурдан бо маризии коронавирус ҳарф зад.

"Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди идома ёфтани пандемияи коронавирус ҳастем. Мавҷи дуюми ин беморӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сар задааст, ки бисёр нигаронкунанда аст", - афзудааст Мирзиёев.

Ба гуфтаи вай, мутаассифона, ҳеҷ гуна "доруи сеҳрноке" вуҷуд надорад, ки барои зуд бартараф кардани пандемия кӯмак кунад.

Раисҷумҳур зикр намуд, ки Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Ӯ таъкид намуд, ки маҳз талоши пизишкон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки вазъи нисбатан мӯътадили эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дуои Мирзиёев дар ҳаққи Назарбоев: "дар ин айёми душвор ман бо шумоям"

Аммо кишвардори Ӯзбекистон аз бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир изҳори нигаронӣ кард.

Баргузор гардидани тӯю маъракаҳо, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ва гашту гузор бидуни ниқобро, раисҷумҳур аз омилҳои асосии бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир арзёбӣ кард.

"Дар ҳафтаи аввали моҳи июл шумораи шахсони мубталои коронавирус 2167 нафар афзоиш ёфт. Аз он ҷумла, 1,267 (58%) ҳодиса дар байни аҳолӣ ошкор карда шудааст. Ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи карантин мебошад. Мутаассифона, шумораи фавтҳо низ афзоиш меёбад, ки ин ҳолат бояд ҳамаи моро нигарон кунад", - таъкид намуд президент.

Гузашта аз ин Мирзиёев ба бепарвогии шаҳрвандон нисбати ин маризӣ таъкид намуда, дархост кард ,ки ба худдавоӣ дар хона машғул нашаванд, чун оқибати ин кор ба хубӣ намеанҷомад.

"Бори дигар ба ҳамватанони мо муроҷиат мекунам: набояд ба ин бемории хатарноке, ки ҳаёти ҳазорон нафарро рабуд беэътиноӣ кунед. Агар нишонаи ночизе аз ин бемориро дар вуҷуди худ эҳсос намудед, пас фавран ба духтур муроҷиат кунед. Дар хона худмуолиҷаигӣ накунед, ки оқибати нохуб, ҳатто боиси марг шуда метавонад. Ба ҳаёти худ ва аъзои оилаатон бепарво набошед", - даъват намуд Шавкат Мирзиёев.
561
Барчаспҳо:
мардум, дархост, Шавкат Мирзоев
Муин Гафуров. Архивное фото

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

0
(Таҷдидшуда 09:24 11.07.2020)
Ширкати  размикори тоҷик Муин Ғафуров дар бузургтарин ташкилоти ММА ба таъхир гузошта шудааст. Акнун ӯ метавонад дар Лигаи Ҷопон бозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Муштзани тоҷик Муин Ғафуров ният дорад, ки ба Ҷопон биравад, гуфт роҳбари Лига самбои  размӣ ва ММА-и Тоҷикистон Аҳтам Ҳокиров.

"Эҳтимол, рӯзҳои наздик дар бораи шартномаи Муин Ғафуров барои як муҳориба бо лигаи ҷопонӣ Rizin Fighting Federation дақиқи шавад" гуфт ӯ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки як размикори тоҷик Муин Ғафуров,  бо UFC, бузургтарин лигаи MMA дар ҷаҳон шартнома бастааст. Аммо, он гоҳ ин тасдиқ карда нашуд.

Тавре маълум шуд, Ғафуров ҳаққи қонунии бастани шартнома бо UFC надорад, зеро вай бо як ташкилоти дигар шартнома дошт. Ин ширкати ONE FC буд,  ки размикор пеш бо он кор карда буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 Муин бо ONE FC шартнома бастааст. Вай 18 мубориза дар сатҳи касбӣ баргузор кард, ки дар он 16 ғалаба  ва ду шикастро паси сар кардааст.

Муин охирин бор санаи 6 октябри соли 2018 дар мусобиқаи One One - Kingdom of Heroes  размикори Бразилия Леандро Исаро тариқи нокаут дар аввалин раунд мағлуб кард. Қабл аз ин, 14 октябри соли 2017, дар мусобиқаи Tajikistan Fighting Championship 5, Ғафуров бразилии дигар Итало Фрейтасаро  нокаути техникӣ дар даври 1 мағлуб кард.

Муин Ғафуров (қад - 170,18 см, вазн - 64 кг) дар муҳорибаҳои омехта таҳти лақаби Тоҷик баромад карда - қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба самбо (WCSF), қаҳрамони ҷаҳон оид ба грэпплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон дар MMA (WKA), устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбои размӣ мебошад.

0