Встреча Министра иностранных дел Республики Таджикистан С. Аслова с делегацией Катара

Аслов ва Ҷулу чашмандози ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ карданд

59
(Таҷдидшуда 20:45 09.01.2018)
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар дидор бо ҳайъате аз Қатар чашмандози ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ба гузориши хадамоти иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, Сироҷиддин Аслов имрӯз бо ҳайъате аз масъулини қатарӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ин ҳайъатро, ки бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад, мудири Дафтари ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Қатар ва ҳамзамон мудири иҷроии ширкати энергетикии "Небрас" (Nebras Power) Холид Муҳаммад Ҷулу раҳбарӣ мекунад.

"Дар ин дидор дурнамои равобити дусӯя ва роҳҳои тақкими онҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энержӣ, таробарӣ, гардишгарӣ, кишоварзӣ ва дигар заминаҳо баррасӣ шуданд", — гуфтанд дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон. 

Сафари ҳайъати қатарӣ ба Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқоте сурат гирифтааст, ки дар музокироти мақомоти баландпояи ду кишвар дар моҳи феврали соли 2017 дар Дуҳа ҳосил шуданд.

59
Барчаспҳо:
ВУХ ҶТ, Сироҷиддин Аслов, Қатар, Тоҷикистон
Мавзуъ
Соҳибкорони Тоҷикистону Қатар мулоқот мекунанд
Шайх Абдулло ба БМТ: бо сармоягузорони Қатар бонки исломӣ бисозед
Тоҷикистон ба Қатар нерӯи корӣ мефиристад
Ҳамдардии амири Қатар бо раисҷумҳури Тоҷикистон
Амири Қатар бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамдардӣ кард
Коршинос: Саъудиҳо бар асари буҳрони Қатар аз сармоягузорӣ дар ҶТ даст кашиданд
Кишварҳои арабӣ Қатарро водор ба қатъи равобити дипломатӣ бо Эрон мекунанд

Путин санаи таҷлили Рӯзи Пирӯзиро эълом кард

617
(Таҷдидшуда 18:11 26.05.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия 24 июн таҷлил мешавад. Маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputniк. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи таҷлили 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзиро, 24 июн эълом кард.

"Фармон медиҳам, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз кунед", - гуфт ӯ зимни суҳбати видеоӣ бо вазири дифоъи кишвар.

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

Ҳам табобат мекарданд ва ҳам таъмин: саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм

Раҳбари кишвар ҳамчунин қайд кард, ки "Ҳанги ҷовидон" низ баргузор мешавад.

"Пешниҳод дорам, ки "Ҳанги ҷовидон" моҳе баъд 24 июл баргузор шавад. Ин Рӯзи қувваҳои обӣ мебошад". 

Вале, агар дар моҳҳои наздик хатари сироятшавӣ аз коронавирус чун имрӯз боқӣ монад, эҳтимол рӯзи баргузории "Ҳанги ҷовидон" ба таъхир меафтад.

617
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Рӯзи ғалаба, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Рабочие на строящемся объекте

Корхонаи Новосибирск 60 муҳоҷири тоҷикро ба кор даъват мекунад

231
(Таҷдидшуда 15:19 26.05.2020)
Корхона дар Новосибирски Русия омода аст, муҳоҷиронро расман ба кор қабул карда, бо ҷои хоби ройгон ва музди меҳнат ба қадри 20 ҳазор рубли русӣ дар як моҳ, таъмин намояд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Роҳбарияти корхонаи истеҳсоли хишт "Кор", ки дар Новосибирски Русия воқеъ аст ба Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби қувваи корӣ дархост фиристодааст, хабар медиҳад, ожонсии Тоҷик.ТА.

Корхона омода аст, муҳоҷиронро расман ба кор қабул карда, бо ҷои хоби ройгон ва музди меҳнат ба қадри 20 ҳазор рубли русӣ дар як моҳ, таъмин намояд.

Пешниҳоди Жириновский: вуруди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба Русия боздошта шавад

Гуфта мешавад, ки муҳоҷирон метавонанд бо хости худ рӯзҳои кориашонро бештар кунанд. 

Дар ҳудуди корхона хобгоҳ вуҷуд дорад, ки барои истироҳати муҳоҷирон шароит фароҳам шудааст. Ҳамчунин муҳоҷиронро ба тааври рогйон ба қайд хоҳанд гирифт.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

Вале қайд мешавад, ки ҳуҷҷатҳои дигар зимни расман ба кор қабул кардани муҳоҷирон аз ҳисоби корхона омода шуда ва дар рафти кор аз музди муҳоҷирон гирифта мешавад.

Феълан барои кор дар завод 60 муҳоҷир лозим аст. Муҳоҷирон дар бахшҳои боғдорӣ, боркашонии хишт ва хиштбарорӣ кор хоҳанд кард.

231
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, кор, Новосибирск
День 27 мая

Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:52 26.05.2020)
Рӯзи бисту ҳафтуми май дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон буда дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона мебошад. Дар ин рӯз Душанбе Паллаев - ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ ба дунё омадааст

Рӯзи 27 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1997 дар Порис санади асосии муносиботи дуҷонибаи Русия ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.

День 26 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1999 Додгоҳи Гаага Президенти Югославия Слободан Милошевичро гунаҳкори ҳарбӣ эълон кард.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

Соли 2003 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин Фестивал-симпозиуми байналмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе мактаби олии сарҳадбонони САҲА (ОБСЕ) ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 27 май

  • Дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Бекназар Аҳмадов (1926) – китобшинос, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Григорий Воробоев (1925 – 1986) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ғаффор Каримов (1938)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Аҳмадбек Қушқоров (1936-1989)- педагог, профессор.

Бурҳон Маҳмадқулов (1945) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Неъмат Мирсаидов (1955)- публисист.

Зайниддин Наҷмиддинов (1938) – Устои халқии Тоҷикистон.

Марина Некрасова (1954) –шоира.

Нурулло Оқилов (1965) – нависанда.

Душанбе Паллаев (1950 - 2017) –Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

Ғуфрон Раҳимбоев (1949) – мутриб, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Бурҳон Ризоев (1948) – доктори илми таърих, профессор.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон