Военнослужащий США в Афганистане, архивное фото

Гурҷистон ба Афғонистон сад сарбоз фиристод

67
(Таҷдидшуда 20:51 12.01.2018)
Мақомоти Гурҷистон эълом кардаанд, ки 100 низомии гурҷӣ ба Афғонистон фиристода шудаанд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, ин нерӯҳо пас аз гузарондани давраи омӯзишии ҳаштмоҳа барои мушорикат дар маъмурияти “Ҳимояти қотеъ” ба пойгоҳи низомии шаҳри Мазори Шариф дар вилояти Балх фиристода шудаанд.

Нерӯҳои гурҷистониро туфангдорони дарёии Амрико 2 моҳ дар заминаи хунсосозии бумбҳои дастсоз, хуруҷи беталафот аз манотиқи ноамн ва ҷанги шаҳрӣ омӯзиш додаанд. Ин низомиён ҳамчунин 6 моҳ дар Олмон низ омода шуда будаанд.

Гурҷистон ҳарчанд ба Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) напайвастааст, вале ҳамакнун 885 сарбозу афсар дар Афғонистон дорад.

Ин кишвар аз соли 2009 нерӯҳои низомии худро зери фармондеҳии НАТО ба Афғонистон фиристода ва то кунун 32 тан аз низомиёнашро дар ин кишвар аз даст додааст.

67
Барчаспҳо:
амният, НАТО, Гурҷистон, Афғонистон
Мавзуъ
Русия ва Амрико метавонанд дар Афғонистон ҳамкорӣ кунанд
Путин: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷангҷӯёни бисёре ҷамъ омадаанд
Коршинос: Афғонистон ва ислоҳоти ИДМ мавзуъҳои аслии нишасти Маскав хоҳанд буд
Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии

Афзоиши мубталоён ба вируси корона дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон

320
(Таҷдидшуда 12:14 05.08.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон эълом кард, ки теъдоди мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 25 ҳазору 828 нафар расид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Ӯзбккистон то кунун дар ин кишвар 16 ҳазору 507 нафар аз корона беҳбуд ёфтанд ва 161 нафар низ фавт кардан, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҳамчунин бино бар эъломи Вазорати тандурустии Қазоқистон 8 ҳазору 518 нафар аз пизишкон ва кадри пизишкии ин кишвар мубтало ба корона шуданд.

Ажар Гиният, муовини вазири тандурустии Қазоқистон ахиран эълон доштааст, ки пизишкон ва коркунони муроқибатҳои беҳдоштӣ, ки мубтало ба вируси корона шудаанд, аз ҳаққи дарёфти кумаки молӣ ба мизони 2 миллион танга (баробар бо 4700 доллар) бархурдор ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 92 ҳазору 662 нафар мубтало ба корона шуданд ва 1058 нафар низ бар асари ин вирус фавт карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар дигар кишвари ҳабӯмсоя бо Тоҷикистон, Қирғизистон шумори кулли ин беморони гирифтор ба вируси корона ба 37 ҳазору 541 нафар расид

Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ки 412 бемори нави КОВИД-19 дар ин кишвар шиносоӣ шуданд.

Дар баёнияи ахири Вазорати беҳдошти Қирғизистон омадааст, ки бо сабти ин теъдод аз мубталоён ба КОВИД-19, шумори кулли ин беморон дар ин кишвар ба 37 ҳазору 541 нафар расид.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Қирғизистон шумори фавтидагони корона дар ин кишвар низ бо марги ҳафт тани дигар дар 24 соати гузашта ба ҳазору 427 нафар расидааст.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 18 миллиону 444 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба КОВИД-19 мубтало шудаанд, ки ҳудуди 700 ҳазор нафар аз онон ҷон бохтаанд.

320
Барчаспҳо:
теъдод, афзоиш, вирус, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

318
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

318
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0