Обкашӣ, акс аз бойгонӣ

Сокинони Қирғизистон аз камбуди оби ошомиданӣ гила доранд

35
(Таҷдидшуда 15:27 13.01.2018)
Ҳудуди як миллион нафар аз ҷамъияти Қирғизистон ба оби ошомидании солим дастрасӣ надоранд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Созмони мустақили ҳуқуқи башари Қирғизистон бо эъломи ин омор, иллати аслии ин мушкилро фарсуда шудани таъсисоти обрасонӣ, ба вижа дар манотиқи рустоӣ дар солҳои пас аз истиқлоли ин кишвари фақири Осиёи Марказӣ донист.

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон 1805 русто вуҷуд дорад, ки аз ин теъдод дар 1271 русто таъсисоти обрасонӣ бо нақси фаннӣ мувоҷеҳ аст ва дар 397 русто ҳам аслан таъсисоти обрасонӣ вуҷуд надорад.

Ҷамъияти Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди шаш миллиону 200 ҳазор нафар аст. Яъне тақрибан аз ҳар шаш нафар, як нафар дар ин кишвар ба оби ошомидании солим дастрасӣ надорад.

 Ин дар ҳоле аст, ки Қирғизистон дар канори Тоҷикистон ба воситаи доштани рӯдхонаҳои фаровон, аз манобеи аслии обӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад.

35
Барчаспҳо:
об, мушкилӣ, Осиё