Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷээнбеков

Сооронбой Ҷээнбеков ба Тоҷикистон меояд

146
(Таҷдидшуда 16:14 13.01.2018)
Аз сафари қарибулвуқӯи раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мактуби табрикотиаш ёдовар шудааст

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикотиаш ба раиҷумҳури Қирғизистон ба муносибати барқароршавии 25 соли муносибатҳои дипломатӣ ёдовар шудааст.

Тавре дафтари матбуотии раисҷуҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипламатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон раисҷумҳурони ду кишвар ба ҳамдигар барқияҳои табрикотӣ ирсол карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дар барқияи табрикотиаш ба Сооронбой Ҷээнбеков 25-соли муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро муборакбод гуфт ва қайд кард, ки  муносиботи дӯстӣ  бо Қирғизистон, ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад.

Ҳамчунин раисҷумҳур аз сафари дарпешистодаи раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон ёдрас шуд.

"Итминон дорам, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони тоза бахшида, сатҳи онҳоро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони мо ба зинаҳои нави баландтар хоҳад бурд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Сооронбой Ҷээнбеков ҳам дар  мактуби табрикотӣ ба ин муносибат раисҷумҳур ва мардуми Тоҷикистонро муборакбод гуфтааст.

146
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Сооронбой Жээнбеков, Эмомали Раҳмон, Осиё