шамъ

Тоҷикистониён аз даргузашти шаҳрвандони Узбакистон дар сӯхтори мудҳиш ғамгинанд

149
(Таҷдидшуда 19:16 18.01.2018)
Имрӯз 52 шаҳрванди Узбакистон ҳангоми бозгашт аз Русия бо автобус дар роҳи Қазоқистон дар пайи сӯхтор кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тоҷикистониён аз хабари  кушта шудани 52 шаҳрванди Узбакистон дар сӯхтор ғамгин шуданд. Шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паём навишта ба мардуми Узбакистон изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Чунончӣ, коргардон ва ҳунарпешаи машҳури тоҷик Барзу Абдураззоқов дар саҳифаи фейсбукиаш паёме навишта, гуфтааст, аз ба таври фоҷиавӣ кушта шудани шаҳврандони Узбакистон ғамгин аст ва изҳори ҳамдардӣ баён мекунад.

"Узбакистон, бародарон ва хоҳарон, дӯстон ва наздиконам. Ҳамдардии маро дар пайи кушта шудани ҳамватанонатон қабул кунед. Бо Шумо ҳамдард ҳастам",- навиштааст вай.

Зери ин паёми коргардони машҳур дигар корбарон  низ изҳори ҳамдардӣ кардаанд. Ҳунарпешаи машҳури тоҷик Ноҳид Зайналпур низ аз ин фоҷиа ғамгин аст.

"Фоҷиаи мудҳише. Ба хонаводаҳое, ки дар интизори наздиконашон буданд, ҳамдардам",- менависад хонум Ноҳид.

Ҳамчунин дар гурӯҳҳои иҷтимоӣ зери ин хабари мудҳиш даҳҳо нафар корбарон шарҳ навишта, ба наздикони муҳоҷирони ҳалокшуда ҳамдардии амиқи худро расонидаанд.

Ёдрас мешавем, субҳи имрӯз дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон зиёда аз 50 шаҳрванди Узбакистон ҳангоми бозгашт аз Русия дар пайи сӯхтор ба ҳалокат расиданд. Ҳоло шарҳи бештари сӯхтор вадалелҳои сар задани он дар автобуси мусофиркашон маълум нест, аммо тибқи маълумоти пешакӣ сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи барқӣ будааст. Посух ба саволе, ки  чаро муҳоҷирон пас аз сар задани сӯхтор аз автобус берун нашудананд ва наҷот наёфтаанд, ҳоло маълум нест.

149
Барчаспҳо:
кушта шудан, сӯхтор, муҳоҷирон, Узбакистон, Тоҷикистон, Русия