Мансаби духтари хурдии Шавкат Мирзиёев ошкор шуд

© president.uzШавката Мирзиёева торжественно встретили в Сеуле
Шавката Мирзиёева торжественно встретили в Сеуле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шахноза Мирзиёва-духтари хурдии Шавкат Мирзиёев ба ҳайси муовини мудири раёсати корҳои ташкилотии муассисаҳои тамактабӣ фаъолият доштааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Духтари хурдии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев — Шаҳноза Мирзиёева симати муовини мудири яке аз раёсатҳои Вазорати маорифро ба ӯҳда доштааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати маорифи Узбакистон хабар медиҳад.

Дар вебгоҳи расмии вазорат маълумот пайдо шуд, ки Шаҳноза Мирзиёева муовини мудири раёсати корҳои ташкилотии муассисаҳои тамактабӣ шуда кор мекунад.

"Дар ҳақиқат, духтари раисҷумҳур аз моҳи ноябри соли 2017 муовини мудири раёсат шуда кор мекунад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Тавре дар  вебгоҳи расмии Шавкат Мирзиёев омадааст, раисҷумҳур оиладор, ду духтар, як писар ва панҷ набера дорад. Ҳамсараш Зироатхон Мирзиёева ихтисосаш муҳандис-иқтисоддон аст ва ҳоло кадбону будааст.

Бино бар иттилои расонаҳо, духтарии калони раисҷумҳур Саида ва номи писараш Алишер аст.

Мирзиёев охирҳои моҳи сентябр фармон дод, ки дар кишвар Вазорати маорифи томактабӣ таъсис ёбад. Назди масъулин вазифа гузошта шудааст, ки шумораи муассисаҳои томактабии давлатӣ ва ғайридавлатӣ зиёд карда шавад ва онҳо бо мутахассисони баландихтисос таъмин карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0