Дор. Акс аз бойгонӣ

Духтари синфи нӯҳ худро ба дор овехт: дар Тошканд

192
(Таҷдидшуда 09:35 21.01.2018)
Ба гуфти коршиносон нишонаҳои мубориза барои ҳаёт дар бадани ин духтар ёфт нашудааст, аз ин рӯ хулоса шудааст, ки ӯ худкушӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Донишомӯзе дар вилояти Тошканд худро дар амбор ба дор овехт.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Ба гуфти коршиносон нишонаҳои мубориза барои ҳаёт дар бадани ин духтар ёфт нашудааст, аз ин рӯ хулоса шудааст, ки ӯ худкушӣ кардааст. Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудаасту тафтишот идова дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки нимарӯзи 16 январ духтари 18-солае дар Тоҷикистон худро ба дарёи Душанбе андохт. Вале хушбахтона мардуми Душанбе ӯро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Пас аз чанде Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ду ҷавонқаҳрамони тоҷикро қадрдонӣ кард.

Ҳамин тавр, Абдулло Қодирови 27-сола ва Ҳабибулло Абдураҳмони 18-сола — сокинони шаҳри Душанбе барои ҷасуриву далерияшон дар наҷот як духтари тоҷик қадрдонӣ шуданд.

192
Барчаспҳо:
худкушӣ, Узбакистон
Новорожденный, архивное фото

Дар Ӯзбекистон дугоникҳои сиомӣ вафот карданд

449
(Таҷдидшуда 18:45 06.07.2020)
Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ, ки 27 июн дар Самарқанд ба дунё омаданд, вафот карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сарчаспида, ки авохири моҳи июн таваллуд шуданд, даргузаштанд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ дар беморхонаи маҳаллӣ рӯзи душанбе вафот карданд.

"Ба кӯшишу ғайрати духтурон нигоҳ накарда, соати 7. 50 духтари якум ва соати 10. 50 духтари дуюмӣ ҷон дод", - омадааст дар хабарномаи Вазорат.

Пештар хабар дода шуд, ки дар яке аз марказҳои саломатии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сиомии дусара таваллуд шуданд.

Пизишкон гуфтанд, духтараконе, ки 27 июн ба воситаи буриши қайсарӣ таваллуд шуданд, ба гурӯҳи нодири дугонаҳои сиомӣ дохил мешаванд, ки ин худ ба худ ҳодисаи камёфт аст.

Бино бар иттилои пизишкон, аз 200 ҳазор кӯдакони навзоде, ки ба дунё меоянд, эҳтимол дорад, 1 нафарашон бо чунин намуди беморӣ таваллуд шаванд.

"Онҳо як бадан, як ҷуфти даст ва пой, дил, шуш, меъда ва як бачадон доранд. Онҳо ба намуди камёфти дугонаҳои сиёмӣ дохил мешаванд", - мегӯянд пизишкон.

Вазни онҳо 4600 грамм ва қадашон 48 см буд.

449
Барчаспҳо:
вафот, Ӯзбекистон
Работники похоронного бюро выносят гроб из машины, архивное фото

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

1006
(Таҷдидшуда 13:16 06.07.2020)
Тавсияҳо барои дафн кардани мусулмонон дар замони пандемияи коронавирус бо Вазорати тандурустӣ мувофиқа карда шудааст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Идораи динии мусулмонони Қирғизистон дар бораи қоидаҳои маросими дафни фавтидагон аз коронавирус фатво содир кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, муфтиёт фатворо дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии ин кишвар содир намудааст.

Намояндагони Идораи динии мусалмонони Қирғизистон  хотиррасон мекунанд, ки тибқи қоидаҳои Ислом, хешовандон бояд ҷасади фавтидаро шуста, кафанпӯш намоянд ва сипас намози ҷаноза хонда шавад.

Аз духтарчаи 4-сола то марди 71-сола: 50 ҷасади интиқолёфта - кӣ буданду аз чӣ фавтиданд?

Аммо аз сабаби хатари паҳншавии COVID-19, шумораи ками одамон бояд дар намози ҷаноза ширкат кунанд. Дар ин ҳолат, бояд тамоми чораҳои  бехатарӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб риоя карда шавад.

Гузашта аз ин, Идораи динии мусалмонони ин кишвар таъкид намудааст, ки дар шароити ҳозира хондани намози ҷаноза дар як вақт барои чанд фавтида ҷоиз аст.

Муфтиёт ҳамзамон тавсия додааст, ки агар шустани ҷасад барои атрофиён хатарзо бошад, иҷро намудани шартҳои зерин кофист то ҷасадро зери хок кунанд:

  • Худро аз ҷасад канор гирифта онро бо об пошед
  • Агар имкони шустани ҷасад бо об надошта бошед, либоси муҳофизатӣ ба бар намуда рӯй ва дастҳои шахси фавтидаро то оринҷ молиш диҳед. Нафаре, ки ин корро анҷом медиҳад, нахуст бо даст бояд ба замин занад.
  • Агар ҷасадро худи пизишкон шуста кафанпеч намоянд, зарурати дигарбора шустани он лозим нест.
  • Ҷасадро ба ҳеҷ ваҷҳ сӯзондан ё бо кислота ва дигар маводҳои кимиёӣ пошидан мумкин нест.
  • Дар робита ба шароити кунунӣ ҷасадро дар халта ва ё тобут бояд дафн кард.
1006
Барчаспҳо:
дастурамал, ҷаноза, дафн, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Кран в ванной комнате, архивное фото

Таъмини деҳаи Баравун бо оби нӯшокӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ

0
(Таҷдидшуда 13:19 07.07.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз таъмини деҳа Баравуни ноҳия бо оби нӯшокӣ хабар додаанд, ки арзиши лоиҳа 1,5 миллион сомониро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Дар деҳаи Баравуни ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дарозтарин хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ дод хабаргузории “Ховар”.

Ба иттилоли манбаъ, дарозии хати оби нӯшокӣ 14 км буда, 62 нуқтаро дар бар мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ва намояндагони шарикони рушд иштироку сухан карданд.

“Зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии иншоот якуним миллион сомонӣ буда, саҳми мардум дар бунёди он назаррас мебошад.  Хати оби нӯшокӣ бо усули муосир сохта шуда, барои сарфаи дурусти об ҳисобкунакҳо васл карда шудаанд”, - омадааст дар иттилоия..

Зикр шуд, иншооти мазкур дар доираи Барномаи рушди манотиқи кӯҳистон оид ба таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мавриди истифода қарор гирифт.

0
Барчаспҳо:
об, Тоҷикистон