Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ

Нақли ҳамсинфони Ислом Каримов дар бораи даврони кӯдакии раисҷумҳур

622
Ислом Каримов натанҳо дар дили дӯстону ҳамсояҳо, балки дар ёди тамоми халқи Узбакистон ҳаст, гуфт ҳамсинфи раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ҳамсинфони нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар бораи даврони кӯдакӣ, солҳои мактабӣ ва муносибот бо омӯзгорон нақл карданд.

Дар мактаби рақами 21-и Самарқанд, ки Ислом Каримов фориғуттаҳсили ҳамин дабистон аст, ба муносибати 80-солагии раисҷумҳур чорабинии фарҳангӣ баргузор карданд.

Дар ин чорабинӣ омӯзгорон, толибилмон, бошандагони маҳалла ва намояндагони ҷомеаи шаҳрӣ ширкат карданд. Дар ин бора оҷонсии УзА. хабар медиҳад.

"Мо дар як маҳалла бузург шудем. Ҳамроҳ ба мактаб мерафтем. Ислом аз хурдӣ ҳар як вазифаро бо нақшаи жарф иҷро мекарду пас аз дарс ба давраҳои гуногуни омӯзишӣ мерафт. Ҳатто дар рӯзҳои таътили тобистона ӯ аз китоб ҷудо намешуд. Мо ифтихор мекунем, ки бо чунин шахсияти бузург дар як замону дар як дабистон таҳсил кардаем. Ислом Каримов натанҳо дар дили ёру дӯстон балки дар қалби тамоми мардуми Узбакистон мемонад", — нақл кард Т.Аҳмадҷонов.

Дар ин чорабинӣ толибилмони мактаб бахшида ба ҳаёти Ислом Каримов шеърҳо қироат карданд.

Раисҷумҳури нахустини Узбакистон Ислом Каримов рӯзи 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ вафот кард.

Имсол дар саросари Узбакистон 80-солагии аввалин раисҷумҳури Узбакистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳру маҳаллҳои кишвар чорабиниҳои гуногун дар нақша аст.

622
Барчаспҳо:
даврони кӯдакӣ, Ислом Каримов, Узбакистон