Встреча глав МИД Узбекистана  и Афганистана

Афғонҳо дар пойтахти Узбакистон сулҳу оштӣ меҷӯянд

58
(Таҷдидшуда 17:59 24.01.2018)
Шаҳри Тошканд дар моҳи феврал мизбони нишасти минтақаии гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов аз баргузории нишасти гуфтугӯи сулҳи Афғонистон дар Тошканд хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории эронии “Тасним”, Комилов гуфта, ки ин нишаст миёни Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва гурӯҳҳои мухолифи он барои расидан ба сулҳ дар миёни афғонистониҳо баргузор мешавад.

“Музокироти сулҳ бояд бе ҳеч пешшарт ва бо ҳузури мақомоти Созмони милали муттаҳид баргузор шавад”, — афзуд вазири умури хориҷии Узбакистон.

Пеш аз ин, чандин давра аз нишастҳои чандҷониба миёни кишварҳои минтақа ва Афғонистон бо мавзуъи сулҳ баргузор шуда буд, аммо то кунун натиҷаи қобили мулоҳизае надоштааст.

Афғонистон ва Узбакистон тавофуқ карданд то нишастеро бо унвони “Афғонистон дар масири сулҳ” дар сатҳи вазирони умури хориҷии кишварҳои минтақа дар моҳи феврал дар Тошканд баргузор кунанд.

58
Барчаспҳо:
гуфтугӯи сулҳи Афғонистон, Вазорати умури хориҷии Узбакистон, Абдулазиз Комилов, Узбакистон, Афғонистон
Мавзуъ
Раҳбарони ВУХ Русия ва Узбакистон авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд
Узбакистон бо Афғонистон ҳам роҳҳои ҳавоиро боз мекунад
Раисҷумҳури Афғонистон аз Узбакистон боздид мекунад