Служащие полиции Афганистана проходят спецподготовку. Архивное фото

Пойгоҳи низомии Чин дар Бадахшон: рост ё дурӯғ?

271
(Таҷдидшуда 20:55 26.01.2018)
Чанде пеш бархе аз расонаҳо гузориш дода буданд, ки Чин ба далели нигарониаш аз вуруди теруристҳои уйғур аз Афғонистон ба Синҷиён дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ хоҳад сохт

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Гузоришҳо дар ин бора, ки гӯё Пекин дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ месозад, бепоя ҳастанд, гуфт сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин Лу Кан.

“Чуноне ки Вазорати дифоъ эълом карда, Чин ва Афғонистон ҳамкории низомии одӣ доранд ва Пекин аз Кобул дар муборизааш бо теруризм пуштибонӣ мекунад”, — таъкид кард вай.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш бархе аз расонаҳо гузориш дода буданд, ки Чин ба далели нигарониаш аз вуруди теруристҳои уйғур аз Афғонистон ба Синҷиён дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ хоҳад сохт.

Ҳамзамон, сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон Муҳаммад Родманиш ба хабаргузории Sputnik Афғонистон гуфт: “Чин на пойгоҳи низомӣ, балки подгоне барои як тип (бригада) месозад. Ҳазинаҳои ин подгонро, ки дар Вахон, наздик ба марзи ду кишвар, ҷой мегирад, Чин мепардозад”.

Вай гуфт, тавофуқ барои сохтани ин подгон дар ҷараёни сафари вазири дифоъи Афғонистон ба Пекин ба даст омада буд.

271
Барчаспҳо:
пойгоҳи низомии Чин дар Бадахшон, ВУХ Чин, Лу Кан, Чин-Афғонистон-Бадахшон
Мавзуъ
Тоҷикон ва афғонҳо дар Бадахшон даргир шуданд
Коршинос: Чин дар Бадахшон барои посдории марзҳои худаш пойгоҳ месозад
Чин дар Бадахшон пойгоҳи низомӣ месозад