Рустам Иноятов (в центре)

Як баробари ду: Раисҷумҳур Иноятовро аз як симат гирифту ду вазифаи нав дод

1129
Раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов мушовири раисҷумҳур ва узви Сенати Маҷлиси Олӣ интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон гузориш медиҳад,  Шавкат Мирзиёев раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятовро узви Сенатори Маҷлиси Олии ҶУ ва мушовири раисҷумҳур таъин кардааст.

Имрӯз, панҷшанбе, дар дар сайти раисҷумҳури Узбакистон фармони Мирзиёев дар бораи барканоршавии Иноятов аз курсии раиси ХАМ пайдо шуд. Ба ҷойи вай, додситони кулли пешин Ихтиёт Абдуллоев таъин гаштааст.

Ҷойи Ихтиёр Абдуллоевро дар додситонӣ мушовири масоили сиёсиву ҳуқуқии раисҷумҳур Отабек Муродов гирифтааст ва ба ҷойи Отабек Муродов Рустам Иноятов рафтааст.

"Мувофиқи моддаи 77 Сарқонун ва моддаи 50 Қонун дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Узбакистон мушовири давлатии раисиҷумҳури Узбакистон Рустам Иноятов узви Сентаи Маҷлиси Олии ҶУ таъин карда шавад",- гуфтан мешавад дар фармони раисҷумҳур.

Пештар, коршиноси рус Андрей Грозин гуфта буд, ки Иноятов то ҷое барои Мирзиёев дар сиёсат монеа эҷод мекард.

"Пас аз як соли иваз шудани раисҷумҳур дар Узбакистон низоми дохилии элитаи нави кишвар мукаммал шуд- низоме ки танҳо ба як нафар тобеъ аст ва онро як шахс идора мекунад",- афзуда буд вай.

1129
Барчаспҳо:
мансаб, Рустам Иноятов, Узбакистон, Осиё
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

315
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

315
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Представители движения Талибан, архивное фото

Дар се рӯз дар Афғонистон беш аз 4 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шуданд

157
(Таҷдидшуда 02:21 03.08.2020)
Ахиран мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки ахиран боз 317 зиндонии дигари гурӯҳи Толибон аз зиндонҳо озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дафтари Шӯрои амният милли Афғонистон хиран дар баёниае эълом кард, бо озодии  317 нафар аз зиндониёни гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар се рӯзи таътилоти иди Қурбон теъдоди афроди озодшудаи ин гурӯҳ аз зиндон ба 4 ҳазору 917 нафар расид, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Дар баёнияи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон омадааст , раванди озодии зиндониёни Толибон то такмил шудани 5 ҳазору 100 зиндонӣ идома дорад. 

Дар ҳамин ҳол, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсиии Толибон дар Қатар ҳам гуфт, ин гурӯҳ раванди озодии як ҳазор нафар аз зиндониёни давлати Афғонистонро такмил карда ва Кобул низ бояд боқимондаи зиндониёни Толибонро озод кунад.

Гуфта шудааст, ки озодии ин зиндонён яке аз пешшартҳои муҳимм барои аз саргирии музокироти байни давлати Афғонистон ва Толиибон барои поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аст. 

Ин дарҳолест, ки гурӯҳи Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Афғонистон идома медиҳад.

157
Барчаспҳо:
мақомот, озод, зиндон, Толибон, Афғонистон
Портфель с документами

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир фаъолияти беш аз 12 ҳазор соҳибкор қатъ гардид

0
(Таҷдидшуда 02:16 05.08.2020)
Ожонсии омори Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 600 фаоли бахши хусусӣ иҷозатномаи фаъолияти худро лағв кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон, аз ҷумла 460 шахсони ҳуқуқӣ ва ҳудуди 12,2 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ қтӣ карданд.

Гуфта шудааст, ки аз ин шумор 463 соҳибкорони инфиродӣ тибқи гувоҳнома ва беш аз 10,3 ҳазор соҳибкорони ифниродӣ мувофиқи патент фаъолият мекарданд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ зикр кардааст, ки дар ин давра инчунин 1357 хоҷагиҳои деҳқонӣ барҳам дода шуд.

Тибқи иттилои Ожонсии омор шумори субъектҳои хоҷагидории амалкунанда ба ҳолати 1 июли соли равон 333 ҳазор ададро ташкил дод, аз ҷумда 35,5 ҳазор - шахсони ҳуқуқӣ ва 298 ҳазор - соҳибкорони инфиродӣ.

Теъдоди умумии субъектҳои хоҷагидорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,8% ё худ 6 ҳазор адад афзуд.

Шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 6,3 ҳазор адад зиёд шуд, аз ҷумла соҳибкорони ифиродии тибқи гувоҳнома фаъолиятдошта - 1,4 ҳазор адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ - 5,2 ҳазор адад афзуда, теъдоди соҳибкорони инфиродии мувофиқи патент амалкунанда 357 адад кам шуд.

0
Барчаспҳо:
фаъолият, Ожонси омор, иҷозатнома, соҳибкор, Тоҷикистон