Азнавсозӣ, акс аз бойгонӣ

Дар Самарқанд хона-музейи устод Садриддин Айниро азнавсозӣ мекунанд

114
(Таҷдидшуда 11:04 02.02.2018)
Ба гуфтаи Амина Шарофиддинова то ҷашни 140-солагии Садриддин Айнӣ хона музейи ин нависандаи тоҷик пурра таҷдид ва азнавсозӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тавре расонаҳои маҳаллӣ дар истинод ба фаъоли иҷтимоӣ Амина Шарофиддинова хабар медиҳанд, Узбакистон хона-музейи нависандаи шаҳири тоҷик Садриддин Айниро таҷдид ва азнавсозӣ мекунад.

"Ҳукумати Узбакистон тасмим гирифтааст, ки хона-музейи нависандаи машҳури тоҷик Садриддин Айниро дар Самарқанд  азнавсозӣ кунад. Ҳукумати кишвар барои таъмиру таҷдиди он 300 миллионов сум (37 ҳазор доллар) ҷудо кардааст",- гуфта мешавад дар хабар.

Ба гуфтаи Шарофиддинова, хона-музей то ҷашни 140-солагии Садриддин Айнӣ, ки дар моҳи апрел баргузор мешавад, пурра таҷдид карда мешавад. Ба гуфтаи вай, шояд нимпайкараи Садриддин Айниро ба ҷойи пештарааш бар гардонад.

Тавре маълум аст, нимпайкара пештар дар кӯча дар наздикии ҳавлии Садриддин Айнӣ будааст, аммо баъдтар ба дохили манзил ҷой дода шудааст.
Хона-музейи Айнӣ дар маркази Самарқанд, дар наздикии Регистон ҷой гирифтааст. Устод Айнӣ дар ин хона аз соли 1917 ба сар мебурд.

Дар умум Садриддин Айнӣ  дар ин хона 35 сол, то солҳои 50-ум, то ба Душанбе кӯч бастанаш зиндагӣ ва эҷод кардааст. Хона аз ду қисм иборат аст, қисми аввал дар охирҳои асри 18 сохта шуда, қисми дуввуми онро дар солҳои 1930 Айнӣ бо дӯстонаш сохта буд.

Дар соли 2009 Ҳукумати Узбакистон гуфта буд, ки ин хона-музейро бо он далел, ки бисёр кӯҳна шудааст, вайрон мекунад.  Ин изҳороти Ҳукумат ба вокуниши шадиди тоҷикони Самарқанд дучор шуда буд. Имрӯз, Ҳукумат дигар чораҷӯиро пеш гирифтааст-бинои кӯҳнаро вайрон намекунад, баръакс барои азнавсозии он маблағ ҷудо мекунад. Гумон меравад, ки ин иқдоми Ҳукумат низ аз беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон маншаъ мегирад.

114
Барчаспҳо:
хона-музей, азнавсозӣ, Садриддин Айнӣ, Самарқанд, Узбакистон
Медсестра ухаживает за пациентами в больнице

Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид

121
Дар Қирғизистон фавти нав аз маризии коронавирус сабт шудааст. Бо иловаи фавти ҷадид теъдоди қурбониёни ин маризӣ ба 17 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар вилояти Нарини Қирғизистон як зани 79 - сола, ки гирифтори маризии сироятии коронавирус буд, ба ҳалокат расид.

Ба иттилои муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбоев, зани солхӯрдаро ҳанӯз 13 - уми май бистарии беморхона намуданд.

Марҳум дар баробари мубтало шудан ба коронавирус, ҳамзамон аз маризии қалб ва фишорбаландӣ низ азият мекашидаст.

"Вазъи саломатии бемор рӯзи 30 - юми май бад шуда, санаи 1 - уми июн пизишкон ӯро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карданд", - шарҳ додааст муовини вазири тандурустӣ.

Усенбоев таъкид кард, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди пизишкон қалби ӯ аз тапидан бозмонд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониёни маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон ба 17 нафар баробар шуд.

Гузашта аз ин, дар Қирғизистон ҷамъан 1845 ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст. Аллакай 1219 нафар пас аз шифо ёфтан аз дармонгоҳҳои ин кишвар мураххас шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба таври расмӣ бурузи ин маризиро санаи 30 - юми апрел эълон карданд ва то кунин аз ин беморӣ тибқи маълумотҳои расмӣ 47 нафар ба ҳалокат расиданд.

121
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Сотрудники погранслужбы на контрольно-пропускном пункте на границе Кыргызстана и Казахстана

Таниш дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: мақомот гуфтушунид мекунанд

172
Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд. Мақомот мегӯянд, вазъият таҳти назари онҳост

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Кубатбек Боронов муовини вазири Қирғизистон ва Абдулло Орипов нахуст вазири Ӯзбекистон ба далели даргирӣ дар манотиқи марзии байни сокинони Боткенти Қирғизистон ва минтақаи Сухи Ӯзбекистон бо якдигар музокара мекунанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" .

Бино бар иттилои манбаъ, баррасии иллати даргирии ахир дар манотиқи марзии Ӯзбекистон ва ва Қирғизистон меҳвари дидори масъулони ду кишвар хоҳад буд.

Илова бир ин, тарафайн бо сокинони манотиқи мазкур дидор ва иттилооте дар бораи вазъияти марзҳои муштарак ва иқдомот барои ҳифзи субот ироа хоҳанд кард. 

Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд.

Бино бар иттилои расмӣ, феълан вазъият таҳти контрол аст ва мақомоти расмӣ дар ҷиҳати оддисозии вазъият иқдом мекунанд.   

Таниш дар марзи ин ду кишвар дар ҳолест, ки чанде пеш, дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон, 24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ як баҳси шадид ба миён омад. Намояндагони марзбонии ҳарду кишвар гуфтанд, ба сари мизи гуфтушунид менишинанд.

Вазъи сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хуб арзёбӣ мешавад

 

172
Граница между Кыргызстаном и Казахстаном

ВУХ: 237 шаҳрванди дармонда дар марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Ватан баргаштанд

29
(Таҷдидшуда 10:46 03.06.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, шоми 2 июни соли равон 237 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и миёни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон  ба мақомоти Ӯзбекистон барои мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор медорад.

Ҳамзамон Вазорати умури хориҷа ба мақомоти Қазоқистон барои таъмини шароит барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади убури бемамониати сарҳад сипоси беандоза баён кардааст.

Парвози вижаи "Уралские авиалинии" 50 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан бурд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бо парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 50 кнафар, ки дар паи банд шудани марзҳо дар кишвар дар монданд, ба ватан бозгардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

29
Барчаспҳо:
марз, Ватан, баргардонӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, сарҳад, Тоҷикистон