Сафари Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон ба поён расид

© Пресс-служба президента РТПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми сафари кории дурӯза раисҷумҳури Қирғизистон бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо нахуствазир Қоҳир Расулзода ва раси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тарве расонаҳои давлатии Тоҷикистон хабар доданд, сафари кории раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон имрӯз, 2 феврал ба поён расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар давоми сафари кории дурӯза раисҷумҳури Қирғизистон бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо нахуствазир Қоҳир Расулзода ва раси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо Жээнбеков изҳор дошт, омода аст муносибатҳои ду кишвари ҳамсояро рушд диҳад.

Раҳмон ва Жээнбеков масъалаҳои рушду густариши ҳамгироию шарикӣ дар чаҳорчӯби созмону иттиҳодияҳои минтақаию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, СПАД дар ростои ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ зарур шумурданд.

Лентаи хабарҳо
0