Ҷангҷӯён сафорати Русия дар Кобулро ҳадаф гирифтаанд

Обуна шудан
Дар наздикии сафорати Русия дар Кобул як худрави бумбгузоришуда ёфт шудааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар шаҳри Кобул аз ҳамлаи интиҳорӣ ба сафорти Русия дар Афғонистон пешгирӣ шудааст, гузориш медиҳад Sputnik Афғонистон.

Гуфта мешавад, ки дар наздикии сафорати Русия дар Кобул як худрави савории “Mazda” ошкор шуда, ки бумбгузорӣ шуда будааст.

Бино бар гузоришҳо, дар ин худрав 1000 килуграм тротил боргузорӣ карда будаанд.

Ҳамчунин гузориш шуда, ки дуртар аз сафорат худраве тарконда шудааст. Аммо мақомоти расмӣ ин хабарҳоро таъйид накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0