Дар Пекин 30 масъалаи муҳими СҲШ ҳал шуд

Дар Пекин 30 масъалаи муҳими СҲШ ҳал шуд

55
(Таҷдидшуда 17:28 05.02.2018)
Аз 30 январ то 2 феврали соли 2018 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардидааст

ДУШАНБЕ, 6 фев— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳайъати Тоҷикистон дар ин ҷаласа таҳти роҳбарии сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ширкат кардааст.

Дар рафти ҷаласа зиёда аз 30 масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Созмон, аз ҷумла омодагӣ ба ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (ш. Чиндао, 9-10 июни соли 2018), Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ (ш. Душанбе, 11-12 октябри соли 2018), як қатор чорабиниҳои дар соли ҷорӣ баргузоршаванда ва дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти Созмон ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дахлдор мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтаанд.

Ҷаласа аз 30 январ то 2 феврали соли 2018 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шудааст.

55
Барчаспҳо:
нишаст, ҷаласа, СҲШ, Чин
Доставка гуманитарного груза медикаментов из Индии в Таджикистан

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 24 тонна маводи доруворӣ фиристод

59
(Таҷдидшуда 12:45 26.05.2020)
24 тонна маводи доруворӣ аллакай аз Ӯзбекистон фиристода шуд ва ба Раёсати тандурустии Тоҷикистон дастрас гардид

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона равон кард, хабар медиҳад ожонсии Тоҷик.ТА.

Қайд мешавад, ки кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон 24 тонаа маводи доруворӣ фиристод.

Ин кумак аслан аз маводҳои доруворӣ аз ҷумла интибиотикҳо иборат аст.

"Кумаке, ки аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расид аллакай дар ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гузошта шуд", - омадааст дар хабарнома.

Пештар, Ӯзбекистон барои сохтани беморхонаи сайёр дар Душанбе, ба кишвар 120 контейнер кумак карда буд.

Ин табобатхона аллакай дар ҳудуди майдони "Бофанда" сохта шуда, ба қабули мазирони коронавирус омода аст.

Ҳамчунин рӯзи 8 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳашт пизишк омаданд, ки барои ҳамтоёни тоҷики худ аз таҷрибаи андӯхтаи худ дар самти мубориза бар зидди коронавирус, нақл карданд.

Кумаки Тоҷикистон ба зарардидаҳои обхезӣ дар Ӯзбекистон: 51 қатораи боркаш

Дар навбати худ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарардидагони офати таббиӣ ба вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 51 қатораи масолеҳи сохтмонӣ кӯмак фиристод.

59
Барчаспҳо:
маводи доруворӣ, кумаки башардӯстона, Тоҷикистон, Ӯзбекистон
Карантин

Эҳтимоли шадид шудани қарантин дар Ӯзбекистон: сатҳи сироятшавӣ рӯ ба афзоиш аст

1589
(Таҷдидшуда 14:42 25.05.2020)
Дар Ӯзбекистон анқариб ҳамарӯза то 60 мавриди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии коронавирус сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар сурати бо чунин суръат афзоиш ёфтани мубталошавии ҳамарӯзаи шаҳрвандон ба коронавирус, қарантин боз шадидтар хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки чанде пеш дар аксар манотиқҳои Ӯзбекистон бинобар беҳбуд ёфтани вазъият дар робита ба авҷи коронавирус, маҳдудиятҳо то андозае сабуктар шуданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири тандурустии Ӯзбекуистон Баҳодур Юсупалиев мегӯяд, агар вазъият ба ҳамин минвол идома ёбад, қарантин дигарбора сахт хоҳад шуд.

Бухоро, панҷумин минтақаи Ӯзбекистон пурра аз коронавирус наҷот ёфт

Ба изҳори Юсупалиев, ҳамарӯза теъдоди мавориди нави мубталошавӣ то 60 ҳолат афзоиш меёбад. Муовини вазир далели афзоиш ёфтани мавридҳои нави сироятшавӣ аз коронавирусро  ба риоя накардани талаботи пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус рабт дод.

Зимнан, Юсупалиев қайд намудааст, ки сироятшавӣ аслан миёни нафароне, ки ба ҷойи кори худ баргаштанд мушоҳида мешавад.

"Дар айни ҳол, мо бояд ҳушёр бошем. Бо фаро расидани тирамоҳ эҳтимол мавҷи дуюми хуруҷи ин маризӣ сар занад", - илова намудааст муовини вазир.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Ӯзбекистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1 июн тамдид карда буд.

1589
Барчаспҳо:
афзоиш, сироят, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Задержание, архивное фото

Боздошти марди 33-сола барои дуздии 22 ҳазор доллар аз хонаи ҳамдеҳааш

0
(Таҷдидшуда 12:25 26.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкурро дастгир карданд, ки дар дуздии 22 ҳазор долларро муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik.  Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкур шикоят овардааст.

Дар шикояти ин мард гуфта шудааст, ки санаи 25-уми майи соли равон, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 22 ҳазор доллари амрикоӣ ва 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

ВУД таъкид доштааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир, гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, нисбати ин ҳодиса тафтишот аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

0
Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, дастгир, милитсия, Тоҷикистон