Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Мубориза бо терроризм ва ҷиноят: Юсуф Раҳмон дар Тошканд қарордоди ҳамкорӣ баст

106
Узбакистон ва Тоҷикистон масоили ҳамкориҳо дар соҳаи мабориза бо ҷинояткориро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Додситони кулли Узбакистон ва Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад Додситонии кулли Узбакистон.

Тафоҳумнома дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ дар масоили таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, ва ҳамчунин ҳакории додситонии минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар дар Тошканд ба имзо расидааст.

Чанде пеш ҳайъати Додситонии кулли Тоҷикистон бо роҳбарии додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ба Тошканд рафта буд. Меҳмонони хориҷиро додситони кулли Узбакистон Отабек Муродов қабул кард.

Кишварҳо масоили мубориза бо терроризм ва ифродгароиро баррасӣ карданд.

Афзун бар ин, намояндагони Тоҷикистон Дафтраи матбуоитии Додситони кулли Узбакистон шинос шуданд.

106
Барчаспҳо:
ҷиноят, мубориза, ҳамкорӣ, қарордод, Додситони кулл, Юсуф Раҳмон, Узбакистон, Тоҷикистон