Пеш аз тӯй: домод барои ҷиҳози кам аз арӯс даст кашид

© © Sputnik/ Владимир ВяткинНевеста, архивное фото
Невеста, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавон гуфтааст, ки умед дошт волидони дорои арӯс ба духтарашон молу мулки зиёде медиҳанд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Узбакистон домоде барои ҷиҳози кам аз арӯс даст кашидааст.

Бино бар иттилои расонаҳо, ҷавон гуфтааст, ки умед дошт, волидони дорои арӯз ҷиҳози бештаре барои духтарашон медиҳанд, аммо ин умеди вай хато баромад.

"Ман фикр мекардам, ки онҳо сарупои бисёре иборат аз молҳои туркӣ  ба хонаи ман меоранд. Аммо вай анҷомҳои ночизеро аз бозори Ғиждувон харида овардааст. Дар ҳоле ки падару модараш хеле доро ҳастанд", мегӯяд ҷавон.

Пас аз ин рухдод,  имом-хатиби Тошканд Анварқорӣ Турсунов ин қазияро  тавзеҳ додааст. Ин коршиноси дин таъкид кард, ки мард ҳақ надорад, аз арӯсшаванда ҷиҳозе талаб кунад.

"Касе ҳақ надорад, ки волидони арӯсро маҷбур кунад, ки мебел, тилло ё техника харида диҳад. Ин ҳама ӯҳдадориҳои ҷониби домод аст — ҳам дар тӯй ва ҳам дар таваллуди фарзанд.  Агар мард занеро ба ҳамсарӣ гирад, вай масъули ҳамон зан мешавад- ҳам таҳсил, ҳам табобати зан ва дигар чизҳо ҳама ба дӯши шавҳар мешавад. Дар акси ҳол, ӯ масулмон нест",- гуфтааст имом.

Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо амал мекунад. Моҳи августи ҳамин сол ба ин қонун бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон иловаҳо ворид карда шуд.

Бар асоси ин ислоҳот, баргузории маросими "ақиқа" барои навзодон, "гаҳворабандон", "домодталбон" ва "зиёрати ҳоҷиён" мамнуъ шудааст. Ҳамчунин аз ин пас баргузории маросими хатми ҳафтум, чиҳилумин рӯз ва солгард барои даргузаштагон танҳо бидуни додан ғизо ҷоиз аст.

Лентаи хабарҳо
0