Омодагии Душанбе барои пешвози Шавкат Мирзиёев

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе зимой, архивное фото
Город Душанбе зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе баргузории консерти ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" дар назар аст

ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Душанбе барои сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистгон, ки авоили фасли баҳор дар назар аст, омодагӣ мебинад.

Чунончӣ, омадани раисҷумҳури ҳамсоякишвар ва дидори ҳарду кишвардорро ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон бо консерти якҷо пешвоз хоҳанд гирифт.

Дар ин бора хабаргузории Тоҷик.ТА бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Баргузории консерти якҷояи ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" дар остонаи нахустин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, дар назар аст", — омадааст дар хабарнома.

Дар назди ду кишвардор аз саҳнаи толори бузургтарини Душанбе овозхонони номдор, навозандагон ва раққосон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин миёни тамошобинон ҳайъатҳои баландпояи ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон ҳузур хоҳанд дошт.

Лентаи хабарҳо
0