Дӯстии ҷовидон: Тоҷикистон ва Узбакистон шӯрои тиҷоратӣ таъсис медиҳанд

© PixabayРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чаҳорчӯбаи шӯрои тиҷоратӣ ҷониби Тоҷикистон ният дорад, ки ба маблағи тақрибан 15 миллион доллар қарордодҳои содиротиву воридотӣ ба имзо расонад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон шӯрои тиҷоратӣ таъсис медиҳанд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Узбакистон гуфт, ки дар ҷараёни сафари давлатии дарпешистодаи сарвари давлати Узбакистон ба Тоҷикистон, нахустин ҷаласаи шӯрои тиҷоратии дуҷониба баргузор хоҳад гашт.

Ба он 15 нафарӣ аз ҳар ду ҷониб шомил мешаванд, ки аз соҳибкорон, намояндагони вазоратҳо, идораҳо, мақомоти давлатӣ ва палатаҳои савдо ва саноат иборатанд.  

"Мо мехоҳем масъалаҳоеро баррасӣ намоем, ки имрӯз соҳибкорон ба онҳо алоқаманданд. Саволҳо хеле зиёд ҷамъ шудаанд. Ҳар як кишвар имконоту камбудиҳои худро ба хубӣ дарк мекунад, масалан, дар робита ба корҳои мақомоти андоз ва гумрук. Роҷеъ ба ин мавзӯъ метавон кушоду равшан ва дар шакли шӯрои соҳибкорӣ ҳарф зад", — зикр кард раисиҷумҳури Узбакистон.

Сестры Фарзона Хуршед и Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Ситораҳои тоҷик дар Узбакистон ҳунарнамоӣ мекунанд

Дар чаҳорчӯбаи шӯрои тиҷоратӣ ҷониби Тоҷикистон ният дорад, ки ба маблағи қариб 15 миллион доллар қарордодҳои содиротиву воридотӣ ба имзо расонад

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон эълом дошт, ки сафари расмии раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар авоили фасли баҳор сурат мегирад.

Дар муддати тақрибан 25 сол байни Тоҷикистону Узбакистон мунтазам ихтилофоти гуногун сар мезад. Душанбе на як бору ду бор ҷумҳурии ҳамсояро дар бастани роҳҳои оҳану мошин айбдор карда буд.

Таджикско-кыргызская граница. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пеш аз сафари Мирзиёев: Тоҷикистону Узбакистон протоколи марзиро имзо карданд

Дар навбати худ, Тошканд бар зидди сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар Тоҷикистон баромад мекард, ки мувофиқи ақидаи ниҳодҳои Узбакистон, ин ҳамчун таҳдид ба тамоми соҳаҳои кишоварзии минтақа аст. Дар соли 2001-ум байни ҳар ду кишвар низоми раводид ҷорӣ карда шуд.

Раисиҷумҳури нави Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар сархати вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии кишвари худ, масъалаи "бозсозӣ"-и муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла масоили баҳсҳо бо Тоҷикистонро гузошт.

Дар интиҳои соли 2016, ҷонибҳо баррасии масоили марбут ба марз, об ва энержиро эҳё намуданд. Пас аз танаффуси тӯлонӣ дар Душанбе ҷаласаи байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба вуқӯъ пайваст, иртиботи ҳавоӣ байни ду пойтахт аз сар гирифта шуд ва имрӯзҳо ҳар ду ҷониб имконияти бекор кардани низоми раводидро баррасӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0