Бинои ВУХ дар ҶТ, акс аз бойгонӣ

Сафири нави Узбакистон ба Тоҷикистон расид

129
(Таҷдидшуда 15:25 23.02.2018)
Сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон то сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба симати худ меистад

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Сафири навтаъини Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба Душанбе расид, хабар медиҳад ТоҷикТА.

"Имрӯз раиси нави ҳайъати дипломатии Тошканд дар Душанберо вазири умури хориҷии Тоҷикистон қабул хоҳад кард",- омадааст дар хабари манбаъ.

Интизор меравад, ки дар рафти ин дидор Эргаш Шоисматов ва Сироҷиддин Аслов нусхае аз эътиборномаи худро супорад.

Сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон ба симати худ то сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меистад.

Шоисматов дар ин симат Шоқосим Шоисломова иваз кард, ки ахирон 14 сол дар Тоҷикистон Узбакисторо намояндагӣ мекард.

Шоисломов дар дастгоҳи раисҷумҳури Узбакистон ба вазифаи наве таъин карда шудааст.

129
Барчаспҳо:
эътиборнома, симат, дидор, Эргаш Шоисматов, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон

Кохи сафед эълон кардааст, ки тавофуқи Трамп бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард

255
(Таҷдидшуда 13:46 23.01.2021)
Кохи сафед дар баёнияе эълом кард, ки мушовири амнияти миллии Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ итилоъ дода аст, ки Амрико тавофуқи Трамп бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҷек Соливон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ эълом кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида тавофуқ бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА.

Пеш‌тар Антони Блинкин, ки аз сӯи Байден номзади ҳидояти вазорати хориҷа шуд, дар ҷаласаи пурсишу посух бо намояндагон дар маҷлиси Сенати ин кишвар гуфта буд, ки тавофуқи давлати Трамп бо Толибонро баррасӣ ва бознигарӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки манобее аз давлати Афғонистону Толибон пештар гуфта буданд, ки ду тараф барои тавофуқи давлати Трамп бо Толибон, мунтазири вуруди Ҷо Байден ба Кохи сафед ҳастанд, то аз мавозеъи ӯ дар қиболи ин тавофуқ ва иқдомоти ӯ огоҳ шаванд.

Рӯзи 20 феврали соли гузашта мақомҳои Амрико ва Афғонистон эълом карданд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО нерӯҳояшонро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистони хориҷ хоҳанд кард, дар сурате ки Толибон ба таъаҳҳудоташ бар асоси тавофуқе, ки дар Давҳа имзо карданд, пойбанд бошад.

Панҷ ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибон низ бар асоси ҳамин тавофуқнома аз зиндонҳои давлати Афғонистон озод шуданд, ки акнун давлат муддаӣ аст шумори зиёде аз онҳо ба майдони ҷанг баргаштаанд.

Тавофуқномаи сулҳи Амрико ва ниманизомиёни Толибон баъд аз 11 даври музокирот дар ҳоле ба имзо расид, ки бо вуҷуди давлати қонунии Афғонистон, Амрико ба гурӯҳи Толибон дар умури дохилии ин кишвар иҷозаи мудохила додааст.

255
Барчаспҳо:
тавофуқ, бознигарӣ, Толибон, Трамп, Афғонистон, Амрико
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

2073
Содир Ҷабборов мегӯяд, маросими савгандёдкунии ӯ бидуни кортежу банкет доир мешавад, зеро намехоҳад беҳуда пули зиёд сарф шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.

Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.

Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.

"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

2073
Барчаспҳо:
президент, маросими савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Книга, архивное фото

Дар кӯчаҳои Душанбе китобхонаҳо пайдо мешаванд

0
(Таҷдидшуда 15:14 24.01.2021)
Ин иқдом бори аввал дар Тоҷикистон соли 2017 дар боғи марказии шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Умедвор" дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помирэнерҷӣ" гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби лоиҳаи Kitobz.tj ҷевонҳои китобдор пайдо мешаванд.

Дар қасабаи  82, Зарафшон, Садбарг, назди Театри опера ва балет, фурудгоҳ, микрорайони 46, Иттифоқҳои касаба ва маҳаллаи Гипрозем 10 нуқтаи "китобхонаи кӯчагӣ" насб карда мешавад.

Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ
сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Баҳром Саъдиев роҳбари лоиҳаи Kitobz.tj дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфт, ки дар тӯли 4 соли мавҷудияти лоиҳаи мазкур миқдори зиёди китобҳо дастрас шуданд. 

"Насби "китобхонаи кӯчагӣ" барои лоиҳа пешравии назаррас ва саҳмгузорӣ  барои насли ояндаи мамлакат мебошад. Инчунин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- тақдими китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи тоҷик,  идомаи озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" моро водор намуд, ки  дар амалӣ намудани ин иқдомҳо нақши худро гузорем".

Гуфта мешавад, ҳадафи амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ва ҳам ҷавонону калонсолон ба мутолиаи китоб мебошад.

Барои дастрас будани китобхонаҳо ба кӯчаҳои канори Душанбе, дар бархе маҳаллаҳои зист китобхонаҳои хурди сайёр дар шакли ҷевонҳои шишагин ташкил мегарданд.

Ҳар кас метавонад аз он китоби писандидаи худро, албатта, ройгон бигирад ва китобро хонда, баргардонад, то хонандаи дигар онро гирад.

Бояд гуфт, ки ин иқдом бори аввал дар Тоҷикистон соли 2017 дар боғи марказии шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Умедвор" дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помирэнерҷӣ" дар кӯчаҳои шаҳр гузаронида шуда буд ва он таваҷҷуҳи роҳгузаронро ба худ ҷалб менамуд.

0
Барчаспҳо:
ҷевонҳои китобмонӣ, Душанбе, китобхона