Лола Каримова, акс аз бойгонӣ

Маҷбур шудам: Лола Каримова як вазифаи дигарашро аз даст дод

424
(Таҷдидшуда 17:02 06.03.2018)
Аммо Лола Каримова навиштааст, унвони фахрии президенти Иттиҳоди гимнастикии Осиёро нигоҳ медорад ва мухлиси гимнастика боқӣ хоҳад монд

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Духтари хурдии аввалин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов Лола Каримова-Тиллоева эълом кард, ки аз симати президенти Федератсияи гимнастикаи кишвар истеъфо медиҳад.

"Пас аз 13 сол маҷбур шудам, ки вазифаи президенти Федератсияи гимнастикаи Узбакистонро тарк кунам. Ман мехоҳам самимона аз тамоми варзишкорон, мураббиён ва тамоми кормандони федератсия барои дастовардҳояшон дар ин ҷода ва меҳнати софдилонаашон изҳори минттаддорӣ баён кунам!",- навиштааст духтари раисҷумҳур, Каримова.

Аммо Лола таъкид кардааст, ки унвони фахрии президенти Иттиҳоди гимнастикии Осиёро нигоҳ медорад ва мухлиси гимнастика боқӣ мемонад.

Ёдрас мешавем дар аввалҳои моҳи феврал Лола Каримова аз мақомаш дар СММ- намояндаи доимии Узбакистон дар ЮНЕСКО маҳрум шуда буд.

Тобистони соли гузашта духтари раисҷумҳури марҳум эълон карда буд, ки ба хотири пешбурди корҳои шахсии худ, вазъи оилавӣ ва баъзе тарҳҳояш дар доираи Бунёди хайриявии аввалин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов симати намояндагии Узбакистонро дар ЮНЕСКО-ро тарк хоҳад кард.

424
Барчаспҳо:
истеъфо, мақом, ЮНЕСКО, Лола Каримова-Тиллоева, Ӯзбекистон
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото

Содир Ҷабборов расман президенти Қирғизистон шуд

128
(Таҷдидшуда 12:35 28.01.2021)
Дар толори Филармонияи милли Қирғизичстон маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов бо ҳузури беш аз ҳазор меҳмон ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik.  Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов расман ба иҷрои вазифа сар кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, маросими савгандёдкунии Ҷабборов дар толори Филармонияи милли ин кишвар бо ҳузури беш аз ҳазор меҳмон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, миёни меҳмонон ҳамчунин собиқ кишвардор Сооронбой Жээнбеков, ки бо хоҳиши худ истеъфо дода буд, низ ҳузур дорад.

Манбаъ меафзояд, ҳамаи меҳмонон қабл аз иштирок дар маросими мазкур, аз ташхиси коронавирус гузаштанд.

Ҷабборов пас аз адои савганд дар муроҷиат ба тамоми шаҳрвандони Қирғизистон ваъда дод, ки софдилона ба халқу ватан хизмат мекунад.

Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шуд

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон рӯзи 10 январи соли ҷорӣ интихоботи фаврии президентӣ баргузор шуд ва Содир Ҷабборов бо ба даст овардани 79 дарсади раъйи интихобкунандагон барандаи ин маъракаи сиёсӣ эълон шуд.

Ҷабборов моҳи декабр дар паи нотинҷ шудани вазъият дар Қирғизистон аз зиндон баромад ва сарвазир таъин шуда буд.

128
Барчаспҳо:
президент, савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020

Қатли боз як мақомдори афғон дар ҳамлаи террористӣ

410
(Таҷдидшуда 12:50 27.01.2021)
Мақомоти вилоятии Қундузи Афғонистон эълон кардааст, ки дар як ҳамлаи террористӣ муовини раиси шӯрои вилояти Қундуз кушта шуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Муҳаммад Юсуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилоятии Кундуз ахиран хабар додааст, ки Сафиаллоҳ Амирӣ, муовини шӯро ва ду муҳофизи ӯ дар натиҷаи таркиш захмӣ шудаанд.

Гуфта шудааст, ки ҳодиса дар шаҳри Кундуз замоне рух дод, ки Сафиаллоҳ Амирӣ аз хонааш баромада ба мошин савор шуд, иттилоъ сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои вилоятии Кундуз, Сафиаллоҳ Амирӣ  ва ду посбонаш ба бемористон интиқол ёфтанд, вале шоми ҳамон рӯз Сафиаллоҳ Амирӣ дар беморхона фавтидааст.

Раббони Раббонӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз, тасдиқ кард, ки маводи тарканда дар дучарха ҷойсозӣ шуда буд ва ҳангоми убури Сафиаллоҳ Амирӣ аз назди он ба таври фосилавӣ  тарконида шуд.

Мақомоти вилояти Кундуз ин ҳамларо ваҳшиёна номид ва аз ҳукумат марказӣ хостанд, ки ҷинояткоронро муайян ва ҷазо диҳад.

Таъкид шудааст, ки Сафиаллоҳ Амирӣ яке аз ҷавонтарин аъзои шӯрои вилоятӣ дар кишвар буд.

Бояд қайд кард, ки дар чанд моҳи ахир дар Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ба рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ афзоиш ёфтаааст. Мақомот дар ин ҳамлаҳо гурӯҳи Толибонро масъул медонад. Аммо Толибон ин иддаоро комилан рад мекунанд.

410
Барчаспҳо:
Қундуз, террористӣ, ҳамла, Афғонистон
Попрошайка

Супориши Раҳмон ба ҳукумат: сатҳи камбизоати дар 7 соли оянда бояд 10 дарсад коҳиш ёбад

0
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар супориш дод, то ҳафт соли оянда сатҳи камбизоатӣ бояд то 10 дарсад коҳиш ёбад, аммо дар маросими савгандёдкунӣ раисҷумҳур аз коҳиши 15 дарсадии сатҳи камбизоати дар ҳафт соли оянда таъкид дошта буд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати кишварро вазифадор кард, ки иҷрои сифатноки нақшаҳои хафтсоларо, ки дар суханронииаш дар маросими савгандёдкунӣ баён карда буд, таъмин намоянд.

Раисҷумҳур таъкид дошт, ки ҳукумат барои ду баробар афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 10 дарсад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ин давра тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар созад.

Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон зимни савгандёдкунӣ дар соли гузашта гуфта буд, ки дар ҳафт соли оянда Тоҷикистон бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳад.

Завқизода: сатҳи камбизоатӣ дар 20-сол аз 83 дарсад то ба 26 дарсад коҳиш ёфт

Вай афзуд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

0
Барчаспҳо:
коҳиш, Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳур, сатҳи камбизоатӣ, Тоҷикистон