Замир Кабулов, архивное фото

Маскав барои миёнҷигарӣ дар музокироти сулҳи Афғонистон омода аст

39
(Таҷдидшуда 17:32 06.03.2018)
Вазорати умури хориҷии Русия эълом кард, ки Маскав омода аст то нақши миёнҷиро дар музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон, Толибон ва Амрико ифо кунад

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисҷумҳур дар Афғонистон ва мудири Дафтари дувуми Осиёии Вазорати умури хориҷаи Русия, эълом кард, ки Маскав омода аст то дар музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон, Толибон ва Амрико, дар сурати тавофуқи ҷонибҳо, нақши миёнҷиро ифо кунад.

“Замони он фаро расидааст, ки афғонҳо ҷангу хунрезиро дар кишварашон бас кунанд. Русия муддатҳо боз аз ниёз ба оғози музокироти густардаи сулҳ мегӯяд”, — гуфтааст Кабулов дар баёнияе, ки ВУХ Русия мунташир кардааст.

Дар ин баёиня афзуда шудааст, ки Русия аз чунин нияте истиқбол мекунад. Афзун бар раисҷумҳури Афғонистон, ҳамчунин Толибон низ омодагии худро барои оғози музокирот эълом кардаанж. Саранҷом, ҳар ду тараф дарк карданд, ки бояд музокира кунанд.

“Бе нақши мусбати Русия, ки беш аз як сол тарафайнро ба мизи музокира даъват мекунад, ин амр имконпазир набуд. Мо ҷиддан аз оғози ҳарчи зудтари музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон барои поён додан ба ҷанг истиқбол мекунем”, — ёдоварӣ кардааст Кабулов.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар моҳи апрел намояндаи вижаи раисҷумҳури Афғонистон дар умури амнияти миллӣ Ҳаниф Атмар ба Маскав сафар хоҳад кард. Интизор меравад, ки вай бо аъзои Шурои амнияти Русия дидор хоҳад кард.

39
Барчаспҳо:
гуфтугӯи сулҳи Афғонистон, Вазорати умури хориҷии Русия, Замир Кабулов, Толибон, Амрико, Афғонистон, Русия
Мавзуъ
Кобул: дар музокироти сулҳи Афғонистон бояд аз Русия истифода шавад
Шаҳрванди Афғонистон, муттаҳами муомилаи ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон
Коршинос: Тоҷикистон таҳдид аз Афғонистонро ба суди худ истифода мекунад
Узбакистон мехоҳад дар танзми вазъ дар Афғонистон нақши муҳиме дошта бошад (НАВОР)
Русия ва Покистон авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд
Тоҷикистон ва Афғонистон барои коҳиши хатари балоҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

213
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

213
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Представители движения Талибан, архивное фото

Дар се рӯз дар Афғонистон беш аз 4 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шуданд

108
(Таҷдидшуда 02:21 03.08.2020)
Ахиран мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки ахиран боз 317 зиндонии дигари гурӯҳи Толибон аз зиндонҳо озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дафтари Шӯрои амният милли Афғонистон хиран дар баёниае эълом кард, бо озодии  317 нафар аз зиндониёни гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар се рӯзи таътилоти иди Қурбон теъдоди афроди озодшудаи ин гурӯҳ аз зиндон ба 4 ҳазору 917 нафар расид, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Дар баёнияи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон омадааст , раванди озодии зиндониёни Толибон то такмил шудани 5 ҳазору 100 зиндонӣ идома дорад. 

Дар ҳамин ҳол, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсиии Толибон дар Қатар ҳам гуфт, ин гурӯҳ раванди озодии як ҳазор нафар аз зиндониёни давлати Афғонистонро такмил карда ва Кобул низ бояд боқимондаи зиндониёни Толибонро озод кунад.

Гуфта шудааст, ки озодии ин зиндонён яке аз пешшартҳои муҳимм барои аз саргирии музокироти байни давлати Афғонистон ва Толиибон барои поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аст. 

Ин дарҳолест, ки гурӯҳи Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Афғонистон идома медиҳад.

108
Барчаспҳо:
мақомот, озод, зиндон, Толибон, Афғонистон
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

0
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

0
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен