Қатор, акс аз бойгонӣ

Узбакистон воридоти колоҳо аз Тоҷикистонро афзоиш хоҳад дод

144
(Таҷдидшуда 15:47 13.03.2018)
Содироти колоҳои сохти Тоҷикистон ба Узбакистон бештар аз пеш хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бар пояи санадҳое, ки дар фарҷоми нишасти соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбакистон дар рӯзҳои сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе имзо шуданд, содироти колоҳои Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя афзоиш хоҳад ёфт.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гузориш дода, ки бар асоси санадҳои имзошуда Узбакистон аз Тоҷикистон нерӯи барқ, кабел, фаршу қолӣ, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт ва дигар колоҳоро ворид хоҳад кард.

Ҳамзамон Тоҷикистон аз Узбакистон газ, худрав ва қисмҳои эҳтиётии он, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар колоҳоро ворид хоҳад кард.

Ин кумита ҳамчунин иттилоъ дода, ки ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои молӣ, аз ҷумла, бонкдорӣ низ тавофуқнома имзо карданд.

Чанде пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки Тоҷикистон имсол ба Узбакистон 1,5 милёрд киловатт соат нерӯи барқ содир хоҳад кард.

Бар асоси додаҳои оморӣ, дар соли 2017 гардиши коло миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ба 126 милюн дулор расида аст.

Порсол Тоҷикистон ба Узбакистон ба арзиши 57 милюн дулор коло содир кард, ки ин рақам 45 дарсад аз кулли гардиши молӣ миёни ду кишварро ташкил медод. Узбакистон низ ба арзиши 69 милюн дулор коло ба Тоҷикистон содир карда, ки он 55 дарсад аз кулли гардиши молӣ миёни ин ду ҷумҳуриро ташкил дода буд.

Акнун ду кишвар талош доранд хариду фурӯшашонро то 1 милёрд дулор дар сол афзоиш диҳанд.

144
Барчаспҳо:
коло, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Узбакистон, Тоҷикистон