Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Арбистони Саудӣ кай баргузор мешавад?

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки исполняют национальный танец. Архивное фото
Девушки исполняют национальный танец. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки Рӯзҳои фарҳангии Саудӣ моҳҳои наздик дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ моҳи феврали соли 2019 баргузор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки кай Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангиашро дар Арабистони Саудӣ баргузор мекунад.

Бино бар иттилои манбаъ, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Мудири иҷроии Агентии кулли фарҳангии мамлакат Аҳмад ибни Фаҳд Алмазид мулоқот намуд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ масоили таҳким ва густариши робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба баргузорсозии Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Рӯзҳои фарҳангии Саудӣ дар Тоҷикистон зоҳир гардид.

Ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки Рӯзҳои фарҳангии Саудӣ моҳҳои наздик дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ моҳи феврали соли 2019 баргузор карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0