Анқара, акс аз бойгонӣ

Туркия хоҳони густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон шуд

157
(Таҷдидшуда 11:19 17.03.2018)
Вазири иқтисоди Туркия хостори афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Душанбе ва Анкара шуд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik.Ба гузориши хабаргузории "Парстудэй", Нихат Зейбекчи дар нишасти матбуотӣ ба баррасии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва имконоти мавҷуди давлати Анкара, дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ пардохт.

Вазири иқтисоди Туркия дар ин бора гуфт, Анкара имрӯз яке аз бузургтарин содиркунандагони коло ба Тоҷикистон аст.

Вай бо ибрози хушнудӣ аз ин ки Туркия яке аз бозигарони муҳим дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад, афзуд, содироти колоҳои турк тайи соли 2016 милодӣ 151.1 миллион доллар ва воридоти маҳсулоти тоҷик ба ин кишвар 162.3 миллион доллар баровард шудааст.

Зейбекчи идома дод, зарфияти мавҷуди тиҷорӣ миёни ду кишвар аз ин шохис ҳам болотар аст.

Вазири иқтисоди Туркия таъкид кард, барои ҳимоят аз бахши хусусӣ лозим аст, ду кишвар фаъолитҳои муштараки худро идома, имконоти мутақобилро баррасӣ ва муҳити касбу корро беҳбуд бахшанд.

Ин мақоми иқтисодии Туркия афзуд, аз сӯи дигар пас аз имзо кардани тавофуқномаи тавсеа ва ҳимоят аз сармоягузориҳои мутақобил, Душанбе бо тавлиди нохолиси дохилии ҳудуди 7.8 миллиард долларии худ, таварруми поин ва манобеи ғании табиӣ барои сармоягузорони Туркия, ҷаззобтар хоҳад шуд.

Вай гуфт, Туркия аз тариқи сармоягузориҳои муштарак метавонад таҷриба ва технологияҳои анбоштаи худ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла санъати худрав, мухобирот, бофандагӣ, электронӣ, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, санъати дифоӣ, дору ва маҳсулоти кишоварзиро мунтақил кунад.

Вазири иқтисоди Туркия дар поён гуфт, эҷоди мушорикатҳои ҷадид, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобил ва табдили сареъи имконоти мавҷуд ба проектҳои воқеӣ, роҳе аст, ки ҳар ду кишвар бояд аз он пайравӣ кунанд.

157
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, иқтисод, ВУХ, Туркия, Тоҷикистон