Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарюоев

Назарбоев ҷашни Наврӯзро дар Самарқанд таҷлил кард

179
(Таҷдидшуда 20:23 22.03.2018)
Раисҷумҳури Қазоқистон аз шаҳри бостонии Самарқанд зиёрат намуд ва мардуми Узбакистонро бо фарорасии Наврӯз табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Раисҷумҳур Нурсултон Назарбаев аз Самарқанд дидан кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари Қазоқистон

Назарбоев тасмим гирифт, ки мардуми Узбакистонро бо Наврӯз табрик кунад. Меҳмони олиқадрро раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфт.

Мулоқот дар кохи "Форумлар мажмуаси" (Маҷмуаи форумҳо) дар Самарқанд баргузор шуд. Ҷонибҳо дараҷаи иҷрои қарордодҳое, ки байни ду кишвар баста шуда буданд, баррасӣ намуданд.

Ҳарду роҳбар ба маҷмааи "Хазрати Хизр", ки дар Самарқанд воқеъ аст, ташриф оварданд. Роҳбари Қазоқистон ба хотираи рӯҳи аввалин раисҷумҳури Узбакистон  Ислом Каримов мақбараи ӯро зиёрат кард ва дар болои он гул гузошт. Ҳамчунин дар сари қабри Ислом Каримав сураҳо аз Қуръони Маҷид тиловат карда шуданд.

Сипас Назарбоев ва Мирзиёев маконҳои таърихии Самарқандро тамошо карданд.

Ёддовар мешавем, ки Наврӯз ҷашни баробаршавии шабонарӯз дар баҳор аст, ки охирёбии зимистон ва шурӯъшавии баҳор, эҳёи табиат ва тамоми мавҷудоти зинда, оғози давраи нави кишоварзӣ буда, ҳангомест, ки зарурати омода намудани замин барои кишти навро дорад. 

Моҳи феврали соли 2010 Ассамблеяи генералии СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълом дошта, аз тамоми давлатҳои узви Созмон даъват шудааст, ки ҳама кӯшиши худро баҳри густариши ин ҷашни бостонӣ дар кулли олам, ба харҷ диҳанд.

179
Барчаспҳо:
таҷлили Наврӯз, Самарқанд, Узбакистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Пограничник. Архивное фото

КДАМ Тоҷикистон сабаби тирпарронӣ дар марзро гуфт

1236
(Таҷдидшуда 15:54 24.05.2020)
Бино ба додаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӯпонҳои қирғиз ғайриқонунӣ марзи Тоҷикистонро убур карда, ба вилояти Суғд даромадаанд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар хилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24 майи соли 2020 дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Чичилик ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст задаанд.

Тибқи ититлои ин ниҳод, сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват карданд, ки қаламрави деҳаро тарк кунанд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

"Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ мегӯяд, ин амали иғвоангезонаи сарҳадбонони ҶҚ ҳамчун нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад ва метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии ҶТ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ бурда истодаанд.

1236
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пробирка с тестом на коронавирус

Ӯзбекистон омори нави гирифторони коронавирусро гуфт: ду мариз аз Тоҷикистон ворид шуданд

868
(Таҷдидшуда 12:31 23.05.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон маълумоти тоза дар мавриди ошкор шудани мавориди нави гирифторшавӣ ба маризи коронавирусро ълон кард

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бар хабари вазорати беҳдошт то соати 10:00 дақиқаи рӯзи 23 - юми май дар қаламрави ин кишвар боз 42 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ошкор гардидааст.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки ҳар 42 маврид воридотӣ буда, ду мариз аз ҳамсоякишвари Тоҷикистон вориди Ӯзбекистон гардидаанд. Вале Вазорат таъйид накардаст, ки ин ду бемор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё ӯзбекистонӣ.

Омори хушоянд аз коронавирус дар Ӯзбекистон: боқӣ мондани танҳо як мариз дар Фарғона

Зимнан, 38 мусофире, ки тариқи парвози чартерӣ аз Санкт - Петербург озими Ӯзбекистон шуданд, гирифтори ҳамин беморӣ ҳастанд ва ҳамаи онҳо ба табобат фаро гирифта шуданд, - афзудааст манбаъ.

Гузашта аз ин аломатҳои маризии коронавирусро дар вучуди ду ронандаи дигар, ки тоза аз Қазоқистон вориди Ӯзбекистон шуданд, ошкор карда шуд.

Ба ҳамин минвол, феълан дар дармонгоҳҳои Ӯзбекистон 573 маризи коронавирус таҳти табобат қарор доранд ва пизишкон вазъи чаҳор беморро вазнин арзёбӣ мекунад.

868
Барчаспҳо:
маризон, омор, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 25 мая

Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:13 24.05.2020)
Рӯзи 25 май Рӯзи байналмилалии ғадуди сипаршакл, Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта буда дар Тоҷикистон- Рӯзи корманди соҳаи стандартизатсия ва метрология, дар Олмон — Рӯзи падар, дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон ва Рӯзи озодкунии Африқо мебошад

Рӯзи 25 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1946 Англия истиқлолияти худро аз Иордания эълон кард.

Соли 1953 дар Хюстон  (штати Техас) аввалин шабакаи телевизионии омӯзишии ғайритиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

Соли 1956 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС барои шахсони аз 16 то 18-сола, дар 1 рӯз 6 соати корӣ муқаррар шуд.

Соли 1962 дар шаҳри Киев (Украина) ҳафтаи адабиёти тоҷик оғоз гардид.

Рӯзи 25 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 дар ҷараёни аввалин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва-пойтахти Федератсияи Русия як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ба  имзо расиданд, ки ба рушди муносибатҳои минбаъдаи ҳуқуқию дипломатии ду кишвар замина гузоштанд.

День 24 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1993 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Ванҷ таъсис дода шуд.

Соли 2004 дар сарҳади Тоҷикистону Чин нуқтаи назоратии Қулма-Қаросу  ба истифода дода шуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Покистону Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 май

  • Рӯзи байналмилалии ғадуди сипаршакл.
  • Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта.
  • Дар Тоҷикистон- Рӯзи корманди соҳаи стандартизатсия ва метрология.
  • Дар Германия — Рӯзи падар.
  • Дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон.
  • Рӯзи озодкунии Африқо.

Рӯзи 25 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Самариддин Асозода (1972)- журналист.

Акрам Асроров (1936) – физикдон, профессор.

Суннатулло Бобохоҷаев (1929 – 2004) – доктори илми геологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Абдуҳофиз Бобоҷонов (1953) – доктори илмҳои физикаю математика.

Олуболу Боқиев (1934 – 2001) – доктори илми таърих, профессор.

 Амалхонум Гачиева (1947)- мутарҷим (аз тоҷикӣ ба русӣ).

 Тоҳирҷон Қурбонов (1953)- доктори илми иқтисод, профессор.

 Имомиддин Раҳимӣ (1956) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Амон Раҷабов (1942) – шоири узбекзабони Тоҷикистон.

Баҳодур Сабуров (1944 – 2001) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Александр Тихонович (1898-1977)- доктори илми тиб, профессор.

Турсунпўлод Амини Истаравшанӣ (1949-2011) – шоир, Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Файзулло Улмасов (1952) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҳабибуллои Бекмуҳаммад (1948)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сафо Ҳалимӣ (1933)- нависанда.

Абдуҳамид Ҷалилов (1926) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хусрав Шанбезода (1956) – доктори илми филологӣ, профессор.

Сулаймон Эрматов (1946)- нависандаи узбекзабон.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон