Тоҷикони Афғонистон Наврӯзро дар Бадахшон таҷлил карданд

© Фото : Аз ВУХНаврӯз дар Афғонистон
Наврӯз дар Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ибтикори Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷашни Наврӯз баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Рӯзи 17-уми март бо ибтикори Консулгарии  Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони  Афғонистон, доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кардани Иди "Наврӯз", конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Наврӯз дар Тоҷикистон" баргузор гардидааст.

Дар ҳамоиш роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Бадахшон ва шаҳри Файзобод, намояндагии ВУХ Афғонистон дар вилояти Бадахшон, ректори Донишгоҳи шаҳри Файзобод, намояндагони "Иттиҳоди пешаварони Бадахшон", ширкати сангсозӣ, ташкилотҳои байналмилалии муқими вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон: ташкилоти СММ; муассисаи ғайридавлатии Норвегия ва Бунёди Оқохон, бахши намояндагии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ҳодимони илму фарҳанг ва ҳунармандон иштирок кардаанд.

Наврӯэ дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Бишкек
  

Дар оғози ҳамоиш сурудҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон садо дода, муовини раиси вилояти Бадахшон, намояндаи ВУХ Афғонистон, сардори раёсати фарҳангии  Бадахшон, намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шимолу шарқи ҶИА, доир ба Наврӯз, таъриху забон, фарҳангу анъанаҳои миллии муштарак, робитаҳои рӯ ба инкишофи дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва нақши кишварамон барои таъмини сулҳу суботи пойдору рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон суханронӣ намудаанд.

Дар фарҷоми қисмати ифтитоҳии ҳамоиш, консули Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ҳамаи иштирокчиёнро ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бадахшон хайрамақдам гуфта, доир ба Наврӯз, ки бо баробар гаштани рӯзу шаб фаро мерасад ва онро мардуми мо аз қадим ҳамчун иди суннатии соли нав, ҳаёти нав ва умеду орзуҳои нав ҷашн мегирифтанд, суханронӣ намудааст.   

Пас аз қисми расмии чорабинӣ филми мустанад оид ба ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон манзур шуда, ҳунарҳои мурдумӣ, ғизо ва либоси миллии Тоҷикистону Афғонистон ба иштирокчиёни ҳамоиш муаррифӣ шудааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи меҳмонон дастурхони наврӯзӣ пешниҳод гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0