Марз. Акс аз бойгонӣ

Пас аз задухурд дар марз: Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд

167
(Таҷдидшуда 09:56 04.04.2018)
Дирӯз миёни сокинони Хоҷа-Аълои ноҳияи Исфара ва Уч-Добои вилояти Ботканд задухурд ба амал омад

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз муноқиша дар марз тартиби муҳофизатро мувофиқа карданд, хабар медиҳад равобити умумии нерӯҳои сарҳадии Қирғизистон.

"Пас аз муноқиша намояндагони марзии Тоҷикистону Қирғиизстон фавран дидору мулоқот карда, тартиби муҳофизати марзро мувофиқа карданд", — гуфтааст манбаъ дар суҳбат бо РИА Новости.

Манбаъ ҳамчунин қайд карда, ки задухурде, ки дирӯз сар заду дар паи он ҳарду ҷониб якдигарро сангборон карданд, хотима дода шуд.

"Пас аз задухурд бо сокинони марзии ҳар ду ҷониб, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад", — илова кард манбаъ.

Рӯзи 3-юми апрел миёни сокинони Хоҷа-Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Уч-Добои вилояти Ботканди Қирғизистон занозанӣ шудааст. Сабаби ин муноқиша деворе шудааст, ки яке аз сокинони Қирғизистон мехост дар марз, ҷое, ки ҳамагуна сохтмон мамнуъ аст, бисозад.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон задухурд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

Масъалаи аломатгузории марз дар сафари раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон дар моҳи феврал,яке аз муҳимтарин масоил буд.

167
Барчаспҳо:
задухурд, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон