Ҷузвдон. акс аз бойгонӣ

Барканории муовини аввали сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода

420
(Таҷдидшуда 15:57 16.04.2018)
Комилҷон Орипов пас аз фаъолияти панҷсолааш аз вазифаи муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқуллода барканор шуд

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқуллода полковник Комилҷон Орипов аз вазифааш барканор шуд, хабар медиҳад UzNews.uz бо такя ба манобеъи худ дар ин ниҳод.

Қайд мешавад, ки Комилҷон Мирсаидовичи 48-сола, ки аз моҳи январи соли 2013 инҷониб муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқуллода буд, аз вазифааш озод шуд. Вале ҷои кори наваш то ҳол ифшо нашудааст. Чуноне, ки дар бораи таъйини муовини нави вазири КҲФ низ хабаре нест.

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ

Пештар раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев вазири нави шуғли аҳолиро таъйин кард.

Тибқи қарори Мирзиёев, Шерзод Қутбиев, ки аз моҳи сентябри соли 2016 ҳокими ноҳияи Мирзо-Улуғбеки Тошканд буд, вазири шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират таъйин шуд.

Ҳокими пешини ноҳияи Алмазари шаҳри Тошканд бошад, вазири сохтмони Узбакистон таъйин шудааст.

420
Барчаспҳо:
барканор шудан, Комилҷон Орипов, Ӯзбекистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

41
(Таҷдидшуда 10:08 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

 

41
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Танҳо бо роҳи осоишта ҳал мекунем: роҳбари нави Қирғизистон ба қазияи марзӣ вокуниш кард

754
(Таҷдидшуда 16:47 26.10.2020)
Дирӯз КДАМ Тоҷикистон изҳор дошт, ки марзбонони қирғиз сокинони ноҳияи Исфараро зери ҳадафи тирашон қарор доданд

ДУШАНБЕ, 26 октября — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров дастур додааст, ки ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон тезонида шавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари кишвар.

Ҷапаров рӯзи душанбе бо роҳбари Хадамоти марзбонии кишвар Улуғбек Шаршеев мулоқот карда, масоили ба эътидол овардани вазъро дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кардааст.

"Содир Ҷапаров таъкид кард, ки бояд масоили мавҷудаи марзиро бо кишварҳои ҳамсоя ҳарчи бештар ҳал кард. Вай таъкид кард, ки ба наздикӣ бо сафари чандрӯза ба вилоятҳои Бодканд, Ӯш ва Ҷалилобод меравад, то дар ҷойи қазия бо мушкилии мавҷуда ошно шавад", - гуфтааст намояндаи котиботи роҳбари кишвар.

Раиси хадамоти марзбонӣ ба иҷрокунандаи вазифаи раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки дирӯз дар вилояти Ботканд қазияи дигаре бо истифодаи яроқи оташфишон рух дод.

Раҳбари ВУХ Қирғизистон бо сафири тоҷик масъалаи марзро баррасӣ кард

Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавзеи баҳснок бо таъмири қубури обгузар машғул буданд ва ба талаби марзбонони қирғиз вокуниш накарданд ва бо ҳамин далел ду тир ба ҳаво кушода шудааст.

Пештар дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд. 

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, марзбонон ба ҷониби сокинон тир кушодаанд, ки иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Ҷапаров аҳамияти ҳалли масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории марзро танҳо бо роҳи гуфтушуниди осоишта қайд кардааст.

"Мушкилие нест, ки ҳал нашавад. Ҳамагуна масъаларо метавон бо роҳи гуфтушуниди осоишта ҳал кард", - таъкид кардаст Ҷапаров.

Ба гуфтаи вай, "ҳалли ин гуна масъалаҳоро бояд тӯл накашид, то дар оянда аз ин гуна қазияҳо пешгирӣ шавад, сокинони минтақаҳои марзӣ бояд дар фазои осоишта ба сар баранд".

Ҳодисаи 25-уми октябор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нахустин нест. Пештар низ танишҳои марзӣ буданд ва дар натиҷа чанд нафар қурбон низ гаштанд.

Сабаби асосии ин ҳодисаҳо - ин минтақаи муайянношудаи марзист. Тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон 980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 450 километраш муайян ношуда аст.

 

754
Площадь Сомони в Душанбе

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимоли бориши борон дар назар аст

0
(Таҷдидшуда 10:20 28.10.2020)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, менависад АМИТ "Ховар".

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони суст  меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барфи суст дар назар аст. 

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддатнокии то 13+18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйиёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар ааст. Танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст (дар баландиҳои зиёда аз 3000метр барф) меборад. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. 

Раъду барқу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ шимолу-шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 16+18 дараҷа  гарм мешавад.

0