Имзои қарордод. Акс аз бойгонӣ

Порлумони Тоҷикистон созишномаи марзӣ бо Узбакистонро тасвиб кард

67
(Таҷдидшуда 18:26 19.04.2018)
Созишномаи мазкур таъйин ва аоматгузории сарҳади давлатиро байни Тоҷикистону Узбакистон дар масофаи беш аз 192 килуметр дар бар мегирад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз созишномаи байни Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи марзи давлатии кишварҳоро, ки моҳи март ҳангоми сафари раисҷумуҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуда буд, тасвиб кард.

"Созишномаи мазкур таъйин ва аоматгузории сарҳади давлатиро дар масофаи беш аз 192 километр дар бар мегирад. Айни замон танҳо як қитъа дар сарҳади байни Тоҷикистону Узбакистон мувофиқанашуда боқӣ мондааст", —  иттилоъ дод ба вакилон, муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ.

Макони мувофиқаношуда танҳо 2 килуметр роҳест, ки назди нерӯгоҳи Фарҳод дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Узбакистон ҷой гирифтааст. Дар ин мавзеи баҳсбарангез биное ё маҳалле набуда, онро ҳамчун партовгоҳ истифода мебаранд.

Зоҳидӣ таъкид кардааст, ки созишнома замоне ба расмият медарояд, ки тарафҳо яъне Узбакистон ва Тоҷикистон мубодилаи эътимоднома кунанд.

Марз байни Тоҷикистону Узбакистон 1,33 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон наздики 20%-и хати марзи ин ду кишвар нотақсим монда буд.

67
Барчаспҳо:
тасвиб, созишномаи марзӣ, Узбакистон, Тоҷикистон