Раҳмон ва Мирзиёев

Коршинос: Раҳмон ва Мирзиёев барои имиджи ОМ бояд бештар дидор кунанд

137
(Таҷдидшуда 19:08 19.04.2018)
Мудири Бошгоҳи таҳлилии Уросиё Никита Мендкович дар бораи дурнамои симои сулҳи водии Фарғона гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввоили баҳор ба Узбакистон сафари расмӣ дорад. Дурнамои сафари пешбинишударо коршиноси Шӯрои Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Никита Мендкович арзёбӣ мекунад.

Ба гуфти коршинос, барои баргузории мулоқоти ду роҳбар, кори дастаҷаъмонаи мутахассисони шуъбаи ташрифот ва Вазорати корҳои хориҷаи ҳар ду кишвар лозим аст. Илова бар ин кори мутахассисони соҳавии вазоратҳое, ки созиш мешавад, хуб ба роҳ монҳа шавад.

"Тамоси дуҷониба миёни Тоҷикистону Узбакистон бисёр муҳим аст. Ин нишонаи гармшавии равобити сарду ихтилофоти шадади раисҷумҳури собиқи Узбакистон аст",-мугӯяд  Никита Мендкович.

Коршинос таъкид мекунад, ки ҳоло водии Фарғона, ки  ба далели зиддияти Тошканд, Бишкек ва Душанбе ҷойи ноором ба ҳисоб меравад, симои нав пайдо кардааст.  Ба гуфти вай, бино бар тамоюли имрӯза, тамоси доимии роҳбароони ин кишварҳо, ба манфиати давлатҳо хоҳад  буд.

137
Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Заслуженный артист Узбекистана и Каракалпакстана Рахматжон Курбонов

Даргузашти шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон Раҳматҷон Қурбонов

89
(Таҷдидшуда 17:56 18.01.2021)
Дар Ӯзбекистон шашмақомхон, ки солҳои дароз раҳбарии ансамбли "Лазги" - машҳур дар ҷаҳонро бар дӯш дошт, аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раҳматҷон Қурбонов - шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон, ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон ва Қароқалпакистон даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги кишвар.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек назарбеков ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони марҳум изҳори таслият кард. Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нушдааст.

"Дар робита ба даргузашти Раҳматҷон Қурбонов, директори Филармонияи вилоятии Хоразм, муаллими беназир, яке аз рукнҳои санъати Хоразм, мо ба оила ва дӯстони марҳум таъзияи амиқи худро баён мекунем", - гуфт роҳбари Вазорати фарҳанг.

Қурбонов дар тӯли фаъолияти тӯлонии эҷодӣ на танҳо дар ватани худ, балки берун аз он низ дар байни дӯстдорони санъати классикии ӯзбек сазовори муҳаббати тамошобинон гаштааст.

Курбонов ба забонхои ӯзбеки, точикӣ, озарбойчонй, туркманй ва туркй сурудхо сароидааст. Вай бо эҷоди худ дар рушди санъати сарояндагии миллӣ саҳми сазовор гузошт ва дар тӯли солҳои роҳбарии худ ба ансамбли суруд ва рақси "Лазги" санъати хоразмӣ махсусан дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон паҳн гардид.

Раҳматҷон Қурбонов бо ордени Шарафи Меҳнат мукофотонида шудааст. Шоҳасарҳои мусиқии ӯ, ба мисли сурудҳои "Чоргох", "Талкини Рост", "Катта Сувора", "Чапандози Сувора" ва дигарщо ҳастанд.

Даргузашти ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Клара Ҷалилова

Дар замонҳои гуногун, Раҳматҷон Қурбонов ба даҳҳо кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Малайзия, Олмон, Фаронса, Англия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия тсафарҳои ҳунарӣ доштааст.

89
Барчаспҳо:
шашмақом, Шашмақом, ҳунарманд, Ӯзбекистон, даргузашт
Студенты на лекции

Вокуниши донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи низомии Қазоқистон ба ихроҷи худ аз ин донишгоҳ

216
(Таҷдидшуда 13:18 18.01.2021)
Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ду донишҷӯии тоҷикистонии риштаи афсарӣ, ки ахиран аз донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Петропавловск, дар шимоли ин кишвар ихроҷ шудаанд, ин иқдомро ғайриинсофона унвон кардаанд.

Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.

Зиёратшоҳ Қурбонов ва  Аваз Қурбонов, ки ахиран дар паи муноқиша бо донишҷӯёни қазоқ ва ба иттиҳоми нақзи муқаррароти дохилӣ аз ин маркази омӯзишӣ ихроҷ шудаанд, муддаӣ ҳастанд ки омилони даргирӣ донишҷӯёни қазоқ будаанд ва раёсати донишгоҳ ба иштибоҳ ин ду афсари тоҷикро гунаҳкор дониста аст.

Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.

Коршинос: чӣ гуна дар пандемия донишҷӯи хориҷӣ метавонад дипломро дар Русия дифоъ кунад

Гуфта мешавад дар ин донишгоҳ 37 донишҷӯи тоҷик бо квотаи давлати Қазоқистон таҳсил мекунанд.

Созишномаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар соли 2009 миёни мақомоти вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо шуда аст.

216
Площадь Сомони в Душанбе

Борону барфи тар меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

0
Аз имрӯз сар карда, тақрибан дар саросари Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат бо барфи тар сар мешавад, ки дар кишвар чанд рӯз идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳавошиносон дар Тоҷикистон боришоти барфи тару боронро пешбинӣ карданд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар Душанбе ҳавои нимаабрӣ ба қайд гирифта шуда, баъзан борон меборад, ҳарорат рӯзона то + 12-14 ℃ гарм ва шабона 1-3 ℃ сард хоҳад буд.

Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ бориш на танҳо дар шакли борон, балки барф, шамол низ ба назар мерасад. Дар водиҳо шабона ҳарорат ба сифр ва дар кӯҳҳо ба -3 дараҷа мефарояд ва рӯзона, сарфи назар аз номусоидии ҳаво, ҳаво то 10-15 гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-5,5мм) пешгӯи мешавад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа  хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  19-24 ва рӯзона 12-17 дараҷа  хунук мешавад.

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, чунин ҳолат ба назар мерасад, барфу борон меборад ва дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона то -2 дараҷа ва рӯзона то + 11 дараҷа мебарояд.

Дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳо каме борон меборад, рӯзона то + 16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

0
Барчаспҳо:
борон, барф, сардӣ, гармӣ, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон