Хуш келибсиз: дар Самарқанд Рӯзҳои фарҳанги Суғд баргузор мешавад

Обуна шудан
Гурӯҳи бузурги намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар карданд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Аз 20 то 22 апрели соли равон Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар вилояти Самарқанди Узбакистон баргузор мешавад, хабар медиҳад равобити умумии вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд гурӯҳи калони намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар карданд.

Дар ин рӯзҳо ҳамчунин миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Самарқанд Бизнес – форум баргузор хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки дар чорчуби Бизнес – ҳамоиш миёни соҳибкорони ҳар ду ҷониб созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шавад.

Дар доираи чорабиниҳо ҳамзамон дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи "Динамо"-и шаҳри Самарқанд дидори дӯстона анҷом медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0