Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, акс аз бойгонӣ

Путин дар чанд ниҳодҳои қудратии Русия тағйироти кадрӣ амалӣ кард

186
(Таҷдидшуда 12:33 04.05.2018)
Раисҷумҳури Русия дар ВУД, додситонӣ ва Кумитаи тафтишотии Русия мансабдорони баландпояро иваз кард

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин панҷ генерали Вазорати умури дохила ва Кукмитаи тафтишотӣ, ҳамчунин ду додситонро аз мақомашон сабукдӯш кардааст.

Дар фармони кишвардор ному насаб ва вазифаҳои кормандони ниҳодҳои қудратии Русия гуфта мешавад.

Чунончӣ, генерал-мойор Игор Баталов сардори Раёсати ВУД дар вилояти Мурманск, Марина Забборова сардори раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии вилояти Перм, ҳамчунин генерал-лейтенант Виктор Кошелев роҳбари Сарраёсати ВУД дар вилояти Перм аз мақомҳои  барканор шудаанд.

Ҳамчунин генерал-мойр Иван Лукин, муовини аввали роҳбари Маркази ташхисиву криминалистии ВУД Русия ва генерал-майор Владимир Махлейдт роҳбари Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии вилояти Рязан симати худро аз даст додаанд.

Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Михаил Климентьев

Ҳамчунин дар ҳамин фармон, раисҷумҳур 16 нафари дигарро ба вазифаҳои гуногун таъин кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон Ҳукумати вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.

Довталабон бояд маълумоти олӣ, таҷрибаи корӣ дошта, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва малакаи хуби муошират бо ҷомеаро донанд. Маош то 1800 сомонӣ.

 Ҳамин тавр, дар Ҳукумати вилояти Суғд ба симатҳои муовини роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунанд.

Маълумоти бештарро метонавонед аз вебгоҳи Ҳукумати вилояти Суғд пайдо кунед.

186
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (81)