Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, акс аз бойгонӣ

Дархости Шавкат Мирзиёев аз Алишер Усмонов барои кумак ба Узбакистон

827
(Таҷдидшуда 10:17 06.05.2018)
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон гуфт, расман аз сармоядори маъруф Алишер Усмонов дархост мекунем барои зодгоҳи худ, ба вижа дар ҷиҳати рушди бахши туризм кумак кунад

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik.  Хабаргузории "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои Узбакистон менависад, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзтёев аз тоҷири муваффақи узбактабори Русия Алишер Усмонов дархости кӯмак ба Узбакистон кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Мирзиёев ин матлабро дар ҷараёни дидор бо мардуми вилояти Намангон, ки маҳали таваллуди сармоядори маъруфи муқими Русия Алишер Усмонов аст, баён кард.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон гуфт, ҳар гоҳ сухан аз Узбакистон ва ба вижа Намангон ба миён ояд, барқ дар чашмони Усмонов медурахшад.

Алишер Усмонов дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон ба дунё омада ва бар асоси омори маҷаллаи Форбс аз миёни 200 сармоядори бузурги Русия ба даҳгонаи аввал ворид шудааст.

Дороии ин  сарватманди узбактабори Русия дар соли 2018 ба 2,7 миллиард камтар шуда, 12,5 миллиард долларро ташкил додааст.

827
Барчаспҳо:
дархости кӯмак, Алишер Усмонов, Шавкат Мирзиёев, Русия, Узбакистон