Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу

Шойгу: вазъият дар Афғонистон ноором аст

174
(Таҷдидшуда 11:33 22.05.2018)
Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу аз таҳдидҳои зиёди терроризми байналмилалӣ, ки аз Сурия ба кишварҳои ҳамсоя куч кардааст, нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Вазъияти Афғонистон бо субот нест ва ин ба гурӯҳҳои террористӣ имкони убур аз ин кишвар ба кишварҳои ҳамсояро медиҳад, гуфтааст вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу зимни мулоқоташ бо ҳамтои узбакаш Абдусалом Азизов.

Ба гуфти Сергей Шойгу ҳамкории низомӣ ва техникии Русияву Узбакистон шакли муайян ва муҳим дорад.

"Пеш аз ҳама ин ба ҳамаи он хатару таҳдидҳое, ки дар сарҳади Узбакистон мавҷуд аст, вобастагӣ дорад. Ва дар инҷо бояд дар бораи афзоиш ёфтани хатари терроризми байналмилалӣ, ки аз Сурия ба кишварҳои ҳамсоя, ба хусус ба Узбакистон куч медиҳад, қайд намуд", —таъкид кардааст Шойгу.

"Мо имрӯз наметавонем бигуем вазъият дар Афғонистон  амнтар мешавад. Бо дар назардошти он, ки гурӯҳҳҳои террористӣ аз Сурия ба кишварҳои дигар ба хусус ба Афғонистон куч медиҳанд. Дар инҷо нақши муҳимро омодагии мутахассисони низомӣ бозӣ хоҳанд кард, ҳамон мутахассисоне, ки барои дифоъ аз ватани худ омодаанд",-афзудааст Сергей Шойгу.

Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу 22 май соли ҷорӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкории дуҷониба миёни Узбакистону Тоҷикистон ба Тошканд сафар кард.

174
Барчаспҳо:
вазъи мухаддиротии Афғонистон, Сергей Шойгу, Афғонистон, Русия