Путин ба варзишкори амрикоӣ Ҷеффри Монсон шаҳрвандӣ дод

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкДжефф Монсон, архивное фото
Джефф Монсон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Монсон соли 2013 хоҳиши шаҳрванди Русия шуданро карда буду, ҳукумати Русия моҳи декабри соли 2015 ин хоҳиши ӯро қонеъ карданд

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба варзишкори амрикоӣ Ҷеффрӣ Монсон шаҳрвандии Русия дод. Қарор дар ин бора дар торномаи расмии маълумоти ҳуқуқии Русия мунташир шудааст.

"Ҷеффрӣ Монсон Уилям, ки 18 январи соли 1971 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дунё омадааст, ба шаҳрвандии Русия қабул карда шавад", —омадааст дар ҳуҷҷат.

Варзишкор ҳамчунин шаҳрванди Ҷумҳурии Луганск ва шаҳрванди ифтихории Абхазия мебошад. Ҷеффрӣ дар Луганск мактаби варзишии кӯдакона бунёд кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки 3 ноябри соли 2016 президенти Русия Владимир Путин қарор дар бораи ба шаҳрвандии Русия қабул кардани ҳунарманди амрикоӣ Стивен Сигалро имзо карда буд.

Сигал ҳангоми ба минтақаи  Сахалини ҷанубӣ ба сифати меҳмони кинофестивали "Край света"  ташриф овардан,  ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки Русияро дӯст медораду мехоҳад дар Сахалин тиҷорати худро ташкил кунад ва дар оянда шояд шаҳрвандии Русияро ҳам бигирад.

Сигал Стивен Федерика, 10-уми апрели соли 1952 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дунё омадааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0