Гузаргоҳ дар сарҳади Қирғизистон

Фирори муовини нахуствазири пешини Қирғизистон ба воситаи Тоҷикистон

124
(Таҷдидшуда 17:38 01.06.2018)
Нахуствазири пешини Қирғизистон ҳангоми фирор аз кишвар ғайриқонуни сарҳади Тоҷикистонро убур кардааст

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Нахуствазири пешини Қирғизистон Асқарбек Шодиев аз кишвараш ба воситаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон  фирор кардааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар хабар дод.

Шодиев рӯзи 27 апрел ба маросими дафни яке аз хешовандонаш ба шаҳри Исфанаи вилояти Ботканд рафта,  ба воситаи гузаргоҳи Арқаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонуни убур кардааст.

Рӯзи 28 апрел Додситони кулли Қирғизистон зидди собиқ мансабдор бо моддаи сӯиистифода аз мансаб парвандаи ҷиноӣ боз карда,амволи ӯро ба ҳабс гирифт.

Экс-президент Алмазбек Атамбаев и бывший премьер-министр Сапар Исаков, архивное фото
© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон шаб Шодиев бо истифода аз гузарномаи дипломатиаш аз Хуҷанд ба Маскав парвоз доштааст. Ҳамин тавр хатсайри Шодиев то Ню-Йорк идома кардааст.

Пас аз ин рухдод наздикон ва ёвари собиқ муовини нахуствазир гуфтанд, ки Шодиев барои табобат ба хориҷ рафтааст ва бояд дар байни як ду ҳафта ба Қирғизистон бар гардад. Аммо вай то ҳол бар нагаштааст, ки дар натиҷа ӯро дар пайгард эълон карданд.

Пештар Додситони Қирғизистон нисбати Арсен Закиров барои аз худ намудани 2 миллион сум дар асоси мактуби имзокардаи Шодиев парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Дар натиҷаи 6 апрел собиқ муовини нахуствазир элом кард, ки истеъфо медиҳад. Вай гуфта буд, ба кори Ҳукумат сиёҳӣ андохтан намехоҳад.

124
Барчаспҳо:
сарҳад, Асқарбек Шодиев, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (92)
Студенты на лекции

Вокуниши донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи низомии Қазоқистон ба ихроҷи худ аз ин донишгоҳ

106
(Таҷдидшуда 10:07 18.01.2021)
Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ду донишҷӯии тоҷикистонии риштаи афсарӣ, ки ахиран аз донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Петропавловск, дар шимоли ин кишвар ихроҷ шудаанд , ин иқдомро ғайриинсофона унвон кардаанд. Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.

 Зиёратшоҳ Қурбонов ва  Аваз Қурбонов, ки ахиран дар паи муноқиша бо донишҷӯёни қазоқ ва ба иттиҳоми нақзи муқаррароти дохилӣ аз ин маркази омӯзишӣ ихроҷ шудаанд , муддаӣ ҳастанд ки омилони даргирӣ донишҷӯёни қазоқ будаанд ва раёсати донишгоҳ ба иштибоҳ ин ду афсари тоҷикро гунаҳкор дониста аст.

Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.

Коршинос: чӣ гуна дар пандемия донишҷӯи хориҷӣ метавонад дипломро дар Русия дифоъ кунад

 Гуфта мешавад дар ин донишгоҳ 37 донишҷӯи тоҷик бо квотаи давлати Қазоқистон таҳсил мекунанд.

 Созишномаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар соли 2009 миёни мақомоти вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо шуда аст.

106
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways

Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд Душанберо дақиқ кард

657
(Таҷдидшуда 12:31 17.01.2021)
Ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон аллакай рӯз ва соати парвозҳо дар масири Тошканд – Душанберо  эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. "Uzbekistan Airways" пас аз эълони ҷорӣ шудани парвозҳои мунтазам миёни Тошканду Душанбе, рӯз ва соати парвозҳоро низ дақиқ намуд.

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, ҳавопаймои Ӯзбекистон парвоз самти Тоҷикистонро рӯзҳои чоршанбе анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, парвоз дар масири  Душанбе – Тошканд – Душанбе рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 8 субҳ сурат гирифта, ҳавопаймо соати 11 – и ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ба Тошканд бармегардад.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо мусофиронро давоми як соат ба Ӯзбекистон мерасонад.

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хабар дод.

Ба гуфти Икром Субҳонзода, "тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд".

657
Барчаспҳо:
парвоз, ҷадвал, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021

0
Хароҷоти умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 аз 27,6 миллиард сомонӣ зиёд хоҳад шуд. Маблағҳо ба куҷо масраф мешаванд: аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед
Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021
© Sputnik

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2021 қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ нисбат ба соли 2020 6,1% зиёдтар аст.

Манбаъҳои ташаккули буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 андозҳо (18,8 миллиард сомонӣ), даромадҳои ғайриандозӣ (1,39 миллиард сомонӣ), грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ (0,3 миллиард сомонӣ), қарзҳо ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (4,87 миллиард сомонӣ), маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ (2,26 млрд. сомонӣ) ташкил медиҳанд.

Дар соли 2021 ба бахши иҷтимоии иқтисод 13,16 миллиард сомонӣ ва ба бахши воқеии иқтисод 8,38 миллиард сомонӣ равона мешавад.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Аз буҷаи давлат барои бахши қудрат ва идоракунии давлатӣ 1,43 миллиард ва барои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 2 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ғайр аз ин, 2 миллиард сомонӣ барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои қарзӣ равона хоҳад шуд.

Тибқи гузориши пешниҳодшуда, имсол ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди маблағҳо ба соҳаи маориф - 5,59 миллиард сомонӣ равона карда шаванд.

Аз даромад то каср: буҷети шаҳрвандӣ барои соли 2020

Барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи аҳолӣ 4,1 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Қариб ҳамин миқдор маблағ дар Тоҷикистон барои рушди комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ равона мегардад. Ҳамзамон, касри буҷа 0,5% ё 463 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

0
Барчаспҳо:
буҷа, Тоҷикистон