Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

КДАМ: Қирғизистон нисбати қазияи наздимарзӣ маълумоти бардурӯғ мунташир кард

129
(Таҷдидшуда 18:10 05.06.2018)
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҷониби Қирғизистон аз тафтишоти муштараки муноқиша худдорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik.  Хадамоти матбуоти Қушнҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон қазияи  ахиреро, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон сурат гирифт, фитна номид.

"Қушнҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон барои муташанниҷ насохтани вазъ дар марз дар бораи ҳодисаи дирӯза изҳороте накарданд. Мутаассифона, дафтари матбуоти Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон, маълумоти нодурустпр қотеона ва  бо шиддат паҳн намуда, хонандаҳоро ба иштибоҳ андохтааст", — таъкид мекунад кумита.

КДАМ эълом кардааст, ки тамоми маълумоти мунташиркардаи дафтари матбуотии хадамоти Қирғизистон бардурӯғ аст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар наворе, ки тарафи Қирғизистон паҳн намудааст, дида мешавад, ки ин муноқиша пешакӣ тарҳрезӣ шуда, тирандозӣ аввал аз тарфи марзбонони қирғиз сурат гирифтааст.

Чуноне, ки дар баёния омадааст, намояндагони Қирғизистон баъд интизориҳои зиёд ба ҷойи ҳодиса омаданд ва бо ҳамтоёни тоҷикашон гуфтугӯ карданд.

"Марзбонони тоҷике, ки дар натиҷаи муноқиша дастгир шуда буданд ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Марзбонони қирғиз боздоштшудагонро латукӯб намуда, ба онҳо зарари ҷиддии ҷисмонӣ расондаанд. Ҷониби Қирғизистон ҳамин тавр қарордоҳои бастаи Тоҷикистону Қирғизистонро вайрон кардааст", — таъкид мекунад манбаъ.

Бо далели муноқишаи марзӣ тафтишоти расмӣ оғоз шудааст. Ҷониби Қирғизистон аз тафтишоти муштараки муноқиша худдорӣ мекунад.

Баҳс байни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон 4 июн дар қитъаи "Майдони футбол" сар зад.

Ба гуфтаи ҷониби Қирғизистон, далели баҳс  аз ҷониби марзбонони тоҷик риоя нагаштани талаботи  рафтори марзбонӣ гаштааст.

Гӯё марзбонони тоҷик иҷрои талаботҳои ҷониби Қирғизистонро рад карда, дағалона рафтор карда,  боиси ҷанҷол шуданд. Аз ҳамин сабаб марзбонони Қирғизистон онҳоро дастгир кардаанд.

129
Барчаспҳо:
баҳс, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (74)