Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков

Пас аз баҳс дар марз: Раҳмон ва Ҷээнбеков масоили сарҳадиро ҳал карданд

411
Дар масири хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то марҳилаи муайян фаъолияти хоҷагидорӣ мамнӯъ мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои дафтари матбуотӣ, сарони кишварҳо дар мулоқот масоили ҳамкориҳои ду кишварро дар сатҳи байналмилаливу ҳамҷаворӣ баррасӣ карданд.

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷээнбеков барои бартараф намудани мушкилоти сарҳадӣ, пас аз баҳс дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушуниди судманд анҷом доданд.

Барои ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ пешниҳод карда шуд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба манъи фаъолияти хоҷагидорӣ дар масири хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то охири анҷоми марҳилаи муайян ва ҷудо кардани хатти сарҳад, ба имзо расад.

 Ба гузаргоҳи сарҳадии "Қарамиқ" додани мақоми байналмилалӣ барои ҳалли аксар масъалаҳои марбути муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ муҳим зарур шумурда шуд.

Ёдрас мешавем, 4 июн байни марзбонони тоҷику қирғиз баҳс сар зуд. Дар пайи он ҷониби Қирғизистон 4 марзбони тоҷикро боздошт кард, ки боиси вокуниш ва нигарониҳои ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ин амали ҷониби Қирғизистонро ғайриқонунӣ ва барқасдона номид. Пас аз баҳс намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар мулоқот карда, қарори дахлдор қабул карданд.

411
Барчаспҳо:
марз, мулоқот, Сооронбой Ҷээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон, Тоҷикистон