Имзои ҳуҷҷат, акс аз бойгонӣ

Қарори президент: иди саиди Фитр дар саросари ҷумҳурӣ бошукӯҳ таҷлил шавад

1623
(Таҷдидшуда 16:49 12.06.2018)
Раисҷумҳури Узбакистон қарореро ба тавсиб расонида, гуфт, ки иди саиди Фитр дар ҷумҳурӣ бошукӯҳ таҷлил шавад

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 11 июн қарореро дар бораи таҷлили иди Рамазон дар Узбакистон ба тавсиб расонид.

"Муроҷиати Раёсати мусалмонони Узбакистонро дар бораи ба 15 июн (рузи ҷумъа) рост омадани иди Рамазон ба назар гирифта, қарор дода шуд, ки се рӯзи аввали ид — 15-17 июн  дар кишвар, бо тантана таҷлил карда шавад", — гуфта мешавад дар қарори перзидент.

Пештар Шӯрои уламои Тоҷикистон низ хабар дод, ки Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 15 июн фаро мерасад.

Уламои Тоҷикистон ҳамчунин эълом дошта буд, ки дар Тоҷикистон дар таҷлили иди Рамазон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Соли гузашта Иди Қурбон, ки яке аз ду идҳои асосии исломист, ба Рӯзи дониш рост омада буд. Вазорати маорифи Тоҷикистон қарор дод, ки дар мактабҳои кишвар дар ин рӯз соли хониш сар мешавад. Ин қарори ниҳод боиси нигаронии бархе аз шаҳрвандони кишвар гашт.

1623
Барчаспҳо:
ид, қарор, Шавкат Мирзиёев, Узбаикстон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон (41)
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways

Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд Душанберо дақиқ кард

298
(Таҷдидшуда 12:31 17.01.2021)
Ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон аллакай рӯз ва соати парвозҳо дар масири Тошканд – Душанберо  эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. "Uzbekistan Airways" пас аз эълони ҷорӣ шудани парвозҳои мунтазам миёни Тошканду Душанбе, рӯз ва соати парвозҳоро низ дақиқ намуд.

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, ҳавопаймои Ӯзбекистон парвоз самти Тоҷикистонро рӯзҳои чоршанбе анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, парвоз дар масири  Душанбе – Тошканд – Душанбе рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 8 субҳ сурат гирифта, ҳавопаймо соати 11 – и ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ба Тошканд бармегардад.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо мусофиронро давоми як соат ба Ӯзбекистон мерасонад.

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хабар дод.

Ба гуфти Икром Субҳонзода, "тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд".

298
Барчаспҳо:
парвоз, ҷадвал, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Девушка в маске на автовокзале в Нур-Султане накануне карантина

Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қазоқистон: 12 марг дар як рӯз

112
(Таҷдидшуда 03:21 17.01.2021)
Феълан дар Қазоқистон дасти кам 24 ҳазор мубталоёни маризии коронавирус зери муолиҷа ва назорати табибон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 12 нафар аз маризии коронавирус ва илтиҳоби шадиди шуш ҷон аз даст доданд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, 11 нафар қурбони коронавирус шуда, як бемори дигар аз илтиҳоби шадиди шуш фавтидааст.  Ҳамзамон дар қаламрави ин ҷумҳурӣ 972 мавриди нави сироятёбӣ ба вируси COVID -19  сабт гардидааст.

Манбаъ меафзояд, дар дармонгоҳҳои Қазоқистон феълан 12 284 бемор мавриди табобат қарор доранд.

Бояд гуфт, ки сар аз 1 августи соли гузашта дар Қазоқистон 47 ҳазор ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миён 534 мариз ҷон бохта, 11 781 нафар ҳоло аз илтиҳоби шуш табобат гирифта истодаанд.

Вазорати тандурустӣ: омори шабонарӯзи ахири коронавирус ба сифр баробар аст

Афзоиши фавту ҳолатҳои нави беморшавӣ дар Қазоқистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз беҳ ёфтани вазъи коронавирус хабар медиҳад.

Наздики ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ягон мавриди беморшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст ва теъдоди сироятшудагон низ ба сифр баробар шудааст.

112
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Дональд Трамп и президент России Владимир Путин идут

Расонаҳо дурӯғҳои маҳзи Доналд Трампро ошкор карданд

0
(Таҷдидшуда 17:05 17.01.2021)
Масалан, боре президент эълон дошт, ки ба ӯ дар иёлоти Мичиган унвони "Одами сол" - ро додаанд, вале то ҳол ин хабар тасдиқи худро наёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шабакаи телевизионии CNN топ 15 дурӯғгӯиҳои Доналд Трампро дар давраи раҳбариаш нашр кард.

Ҳамин тавр, замони савгандёдкунии президент борон меборид. Ваел пас аз чанд соат сиёсатмадор изҳор дошт, ки то поёни суханронии ӯ ягон борон набуд.

Соли 2019 раисиҷумҳур аз хатаре тӯфони "Дориан" барои иёлати Албама ҳушдор дод. Хадамоти ҳавошиносии ИМА ин хабарро рад кардв онро бепоя хонд, вале президент пас аз чанд рӯз низ бо нашри харитаи хатар суханҳои худро рост бароварданӣ мешуд. Мушовири президент оид ба амният маҷбур буд, ба нафъи ӯ изҳорот кунад.

Бино ба гузориши манбаъ, Трамп боре гуфта буд, ки ӯро дар Мичиган хеле пеш аз раёсати ҷумҳурӣ бо унвони "Шахси сол" сарфароз карданд, аммо то ҳол тасдиқи ин суханон вуҷуд надорад.

Вай инчунин эълон кард, ки раиси Ҷунбиши Миллии Скаутҳо ба ӯ занг зада паёми президентро дар бораи онҳо, "бузургтарин суханронӣ" номидааст. Дар асл, чунин набуд, қайд мекунад CNN.

Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор

Рӯзноманигорон инчунин изҳороти Трампро ба ёд оварданд, ки чӣ гуна ӯ аз пардохти ҷуброн ба ҳунарпешаи порнавӣ барои хомӯшӣ дар бораи алоқаашон, изҳори бехабарӣ кард.

Дар ин рӯйхат, иттиҳомоти бофтаи президент алайҳи рақибони сиёсӣ, аз ҷумла Ҷо Байден ва инчунин изҳорот дар бораи пирӯзии эҳтимолӣ дар интихобот ва вазъи коронавирус низ ҷой дода шудааст.

0
Барчаспҳо:
шабакаи телевизиони CNN, ИМА, Доналд Трамп, дурӯғ, дурӯғ